Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони нави минтақавии журналистони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз



Салими Аюбзод

Шаш созмони журналистии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз эълон карданд, ки дар роҳи бунёд ва таҳкими озодии сухан ва ҳимояти ҳуқуқи журналистон созмони ягонаи худро бо номи Шабакаи Озодии Сухани Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таъсис доданд.



Ситоди созмони нав бо номи Шабакаи Озодии Сухани Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Боку пойтахти Озарбойҷон воқеъ гардида, Иттиҳодия касбии журналистони Озарбойҷон, Кумитаи Миллии Озарбойҷон дар Институти матбуоти Байналмилал, Анҷумани журналистон мустақили Гурҷистон, Анҷумани Ҷамъиятии журналистони, Ассотсиатсияи расонаҳои мутақили Тоҷикистон ва Иттифоқи Журналистони Озоди Узбакистон мауассисони ниҳоди нав мебошаенд. Чанде пеш созмони байналмилаии ҳуқуқи башари Фридом Форум матбуоти ин кишварҳоро ба истиснои Гурҷистон ноозод арзёбӣ карда буд. Ин созмон мегӯяд, ки матбуоти Гурҷистон нимаозод аст. Дар рӯзи эълони таъсиси ин ниҳод сӯҳбате доштем бо раиси гурӯҳи ҳамоҳангии созмони нав, раҳбари Иттиҳоди касбии журналистони Озарбойҷон Озар Ҳасрат.

Салими Аюбзод: Солҳои охир созмону иттиҳодҳои зиёде пайдо шуд, журналистони минтақаро муттаҳид карданиянд. Мақсад аз ташкили боз як анҷумани матбуоти озод чист?

Озар Ҳасрат: Мо бар ин ақидаем, ки кӯмак расондан ба ҳамкасбонамон дар Осиёи Марказӣ қарзи мост, зеро онҳо дар шароите кор мекунанд, ки ҳукуматҳо сарашон фишор меоваранд ва омилҳои зиёде намегузоранд, журналистон ба таври озод кор кунанд. Мо ҳам чанд сол пеш дар айни чунин шароит будем ва зимнан ҳоло ҳам баъзе мушкилот вуҷуд дорад. Аммо таҷрибаи кишварҳои Қафқоз, ки монанди давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳама аз Иттиҳоди шӯравӣ берун омадаем ба ҳамксабонамон боаҳамият буда метавонад. Аз ҳама муҳимаш тайи солҳои охир ба назар расид, ки ниҳодҳои журналистии Қафқози Ҷанубӣ бо созмонҳои байнулмилалии журналистӣ робитаҳои наздик барқарор кардаанд. Аксари кулли ин созмонҳо дар Боку ва ё Тифлис намояндагиҳо доранд. Чунин ҳолат ба Осиёи Марказӣ камтар хос аст. Аз ин рӯ дар ҷараёни гуфтугӯҳо мо ҳамаи ин шаш ташкилоти муассиси созмони нав ба хулосае омадем, ки бояд як ниҳоди ҳамкории тарафайнро ташкил диҳем ва аз манфиатҳои ҳамдигар дар сатҳи байнулмилал пуштибонӣ намоем. Ман аз номи Иттиҳодияи касбии журналистони Озарбойҷон, ки як созмони мустақил аст, метавонам бигӯям, ки мо бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳамкасбони худ дар кишварҳои хориҷӣ робита ва ҳамкориҳои густарда дорем ва омодаем ин бартариҳоро барои кӯмак ба ҳамкасбони худ дар Гурҷистону давлатҳои Осиёи Марказӣ фароҳам созем.

Салими Аюбзод: Шакли кор ва ё сохтори ниҳоди нав чигуна аст ва тақсими нақшҳо дар он чигуна тарҳрезӣ шудааст?

Озар Ҳасрат: Ин созмон ба таври муштарак ва дар асоси баробарҳуқуқӣ идора мешавад. Ҳамаи аъзои созмон дар мариди ҳаққу ҳуқуқ ба ҳам баробаранд. Нуктаи аслӣ ин аст, ки мо дар назди ҳамдигар ӯҳдадор мешавем, манфиатҳои ҳамдигарро дар сатҳи байнулмилал ҳимоят кунем. Масалан, мо имконият дорем манфиати ниҳодҳои узвро дар Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Матбуот пуштибонӣ кунем. Дар айни замон агар ниҳоде дар Тоҷикистон ва ё Қирғизистон имконияти хуб дорад, дар созмони дигаре манфиати матбуоти озодро ҳимоят кунад, метавонад аз номи ҳамаи шабакаи Озодии Сухани Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баромад намояд. Аз ин ҳамкорӣ ҳама бурд мекунад ва натиҷааш ба манфиати ҳамаи минтақа хоҳад буд, зеро минтақаи мо ба ташвиқи озодии сухан ва матбуот беш аз дигарон ниёзманд аст.

Салими Аюбзод: Бале, аз ин назар на танҳо кишварҳои номбурда, балки Туркманистон шояд зиёдтар аз ҳама ба чунин ҳамкорӣ эҳтиёҷманд бошад, аммо аз ин кишвар ниҳоде узви шабакаи шумо нашудааст ва ҳамчунин бо чӣ сабаб Қазоқистону Арманистон дар созмони нав намояндагӣ надоранд?

Озар Ҳасрат: Сабаб дар ин аст, ки мо ҳанӯз аз Арманистону Туркманистон коршарикон пайдо накардем. Бо Қазоқистон гуфтушунид идома дорад. Шабакаи мо барои ҳама боз аст ва кӯшиш ба ин хоҳад буд, ки ҳамаи кишварҳои минтақа дар ин ниҳод намояндагӣ дошта бошанд. Ва ҳоло бо истифода аз фурсат мехоҳам ба ҳамаи онҳое муроҷиат кунам, ки ба чунин ҳамкорӣ майлу рағбат доранд. Намояндагии ҳар кишвар танҳо бо як созмони журналистӣ маҳдуд намешавад. Ҳар созмоне ки рағбат дорад, метавонад бо мо ҳамроҳ шавад.

Салими Аюбзод: Ҳамоҳангсози Шабакаи нави озодии сухан дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ҷаноби Озар Ҳасрат мегӯяд, мушаххасан барномаи ҳамкорӣ аз табодули таҷриба, нишастҳои омӯзишӣ ва сафарҳои байниҳамии журналистони минтақа иборат аст, аммо дар оянда ин барнома густариш пайдо хоҳад кард. Аз ҳамсӯҳбатамон мепурсам, чунин барномаҳо ҳатман маблағгузории бузургеро талаб мекунанд. Оё заминаи моддии фаъолияти шабакаи нав чи тариқ фароҳам оварда мешавад?

Озар Ҳасрат: Дар ҳоли ҳозир заминаи камтарин бо истифодаи захираҳои Иттиҳодияи касбии журналистони Озарбойҷон муҳайё шудааст. Созмони байнулмилалии Озодии Сухан ба густариши ин шабака таваҷӯҳ зоҳир кард. Дар ояндаи наздик Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо бо мо ҳамкор хоҳанд шуд. Ва ҳоло бо аввалин эълон дар бораи таъсиси шабака чандин ниҳоди байнулмилалӣ бо мо тамос гирифтанд ва онҳо хурсанданд, ки чунин ташкилот пайдо шудааст ва тайёранд моро маблағгузорӣ кунанд. Аз ин рӯ заминаи моддию молӣ имконпазир аст ва ин чиз натиҷаҳои худро хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG