Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонӣ ва дирам чеҳраи оҳанӣ гирифтанд



Мирзои Салимпур

Тангаҳои нав бо арзиши 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам ва ҳамчунин бо баҳои 1, 3 ва 5 сомонӣ нашр шуда, дар рӯи онҳо нақшунигори миллӣ, акси Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва нишони миллии Тоҷикистон ҳак шудаанд. Банки марказии Тоҷикистон эълон кард, ки дирам ва сомониҳои когазии фарсударо бо пули филизӣ табдил мекунад.



Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 3-юми сентябр пули дирамро дар шакли танга ба гардиш баровард. Тарҳрезӣ ва ороиши тангаҳоро гурӯҳи наққошони тоҷик таҳти сарварии Сӯҳроб Қурбонов анюҷом дода, тангаҳои нави тоҷикиро корхонаи пули Санкт-Петербург ба табъ расонд. Нашру пахши тангаҳои нав дар чаҳорчӯби барномаи ислоҳоти пулӣ дар кишвар ҷараён гирифт. Ислоҳоти пулӣ моҳи октябри соли 2000-ум сар шуда, то имруз дирамҳои коғазӣ мавриди истифода буданд. Ба муомилот ворид гардидани тангаҳои нав мушкили сокинони кишварро осон мекунад, ки ҳангоми харид бинобар набудани пулҳои хурд аз гирифтани бақия маҳрум буданд. Аз сӯи дигар сокинони кишвар акнун имкон доранд, ки аз мошинҳои обфурӯшии кӯча ва ё дастгоҳҳои телефонӣ истифода кунанд. Бонки Миллӣ дирамҳои коғазиро, ки дар муддати кӯтоҳ фарсуда мешуданд, ба тангаҳои нав иваз мекунад.

XS
SM
MD
LG