Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 1 миллион доллар ришва



Мирзонабии Холиқзод

Додситонии низомии Тоҷикистон 1 миллион долларро, ки ҳамчун ришва барои озодии Ғаффор Идиев собиқ сарвари Ориён Бонк ба додситонӣ пешниҳод шуда буд, мусодира кард ва ташаббускорони пора, аз ҷумла бародари Ғаффор Идиев Раҳматуллоҳро боздошт намуд.

Додситонии низомии Тоҷикистон мегӯяд, 1 миллион долларро, ки ҳамчун ришва барои озодии Ғаффор Идиев собиқ сарвари Ориён Бонк ба додситонӣ пешниҳод шуда буд, мусодира кард ва ташаббускорони пора, аз ҷумла бародари Ғаффор Идиев Раҳматуллоҳро боздошт намуд.

Ин матлабро додситони низомии Тоҷикистон Шариф Қурбонов рӯзи 28 август дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард. Ғаффор Идиев 20 август бо иттиҳоми таъмини молии фармондеҳи шӯришгар Раҳмон Сангинов боздошт шуда буд. Ҳанӯз аз тарафи вакилон ва ё наздикони Идиев дар бораи айбгузории ёдшуда ва ҳодисаи ришвадиҳӣ шарҳу тафсире дода нашудааст.

Додситон Шариф Қурбонов дар робита бо як хабари дигар тасдиқ кард, ки фармондеҳи собиқи оппозиция, ҳоло фармондеҳи баталиёни ҳукумат дар минтақаи Ромит Намоз Қурбоналиев ҳамроҳ бо ду муҳофизаш дар Хуҷанд ҳабс шудааст. Дар бораи иллати боздошт маълумот дода намешавад. Полковник аз тарафдорони Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ ва яке аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG