Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир тавассути Тоҷикистон нигаронанд



Саидқосими Қиёмпур

Масъулини мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия мутмаинанд, ки интиқоли ҳероини Афғонистон ба дигар кишварҳо аз ҳама бештар тавассути Тоҷикистон сурат мегирад.

Масъулини мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия мутмаинанд, ки интиқоли ҳероини Афғонистон ба дигар кишварҳо аз ҳама бештар тавассути Тоҷикистон сурат мегирад. Дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав қайд гардид, аз нисф бештари ҳероине, ки дар Русия фурӯхта мешавад аз хориҷ ва ба востиаи Тоҷикистон мерасад. Бар асари ин теъдоди истеъмолкунандагони ин навъи сахт таъсири маводи мухаддир дар Русия ҳамарӯза меафзояд. Гуфта мешавад, имрӯз ҳудуди 4 миллион сокини кишвар ба гирдоби истеъмоли ҳероин кашида шудааст. Истеъмоли маводи мухаддир, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ мамнуъ буд, баъди пошхӯрии ин давлат ҳамчун як бемории сирояти паҳн гардид. Тайи 6 моҳи ахир 540 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо итттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ба маҳкама кашида шуданд, гуфт полковник Константин Онуфриев - масъули мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Русия. Ӯ афзуд, соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта қочоқи маводи мухаддири бештар шудааст. Ҷаноби Онуфриев аркоми расимро дар мавриди он, ки гӯё ҳамагӣ 625 ҳазор аз сокинони Русия мубталои маводи мухаддиранд, зери шӯбҳа гузошта гуфт, рақамҳои воқеи шояд 10 баробар бештар бошанд. Қайд гардид, қочоқи маводи мухаддир барои бархе аз нашъаҷаллобон даромади зиёд меоварад, дар Руссия як грамми он бо нархи 30 доллар ва дар Аврупо бо қиммати 150 доллар фурӯхта мешавад. Дар Тоҷикистон нархи як грамми он аз як то якуним доллар аст. Дар худи Афғонистон бошад, нашъҷаллобон ҳар грамми онро бо қиммати 70 - 80 сент мефурӯшанд.

XS
SM
MD
LG