Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз кишварҳои донор беш аз 6 миллион франки Швейдсария дархост намуд



Ҳабиби Ҳошимӣ

Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бонги изтироб мезананд, ки бар асари камобӣ ва хушксолӣ имсол ҳудуди 1 миллион сокини Тоҷикистон ба гуруснагӣ ва хатари марг мувоҷҷеҳ хоҳанд шуд.



Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бонги изтироб мезананд, ки бар асари камобӣ ва хушксолӣ имсол ҳудуди 1 миллион сокини Тоҷикистон ба гуруснагӣ ва хатари марг мувоҷҷеҳ хоҳанд шуд. Ин ниҳод рӯзи сешанбе аз кишварҳои донор 6 миллиону 700 ҳазор франки Швейдсария дархост намуд, то ба 130 ҳазор сокини 7 ноҳияи манотиқи шимол ва ҷануби Тоҷикистон кӯмак расонад ва 65 ҳазор кӯдакро бо либоси гарми зимистона таъмин бикунад. Масъули Федератсияи Салиби Сурх Роже Браке мегӯяд, бо камбуди 341 ҳазор тонна ғалла, ки бар асари ду соли хушкӣ ба миён омад ва ҳамчунин футури системаи обёри Тоҷикистон тавони таъмини аҳлии худро бо озуқа надорад. Ӯ меафзояд, мо мебинем, ки кӯдакон ҳатто мушхонаҳоро дар даштҳои гандумзор кофтукоф карда захираҳои зимистонаи онҳоро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҷура Инъомзода, раиси Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои татбиқи барномаи кӯмак ба мардуми камбизоати Душанбе ва атрофи пойтахт омодагӣ мегирад. Аз ин кӯмак 26 ҳазор мардуми гирифтори фақр бархӯрдор мешавад.

XS
SM
MD
LG