Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун дубора оғоз хоҳад ёфт



Тоҳири Сафар

Аз тобистони соли 2002-ум бунёди сарбанди обанбори нирӯгоҳи барқи обии Роғун воқеъ дар 90-километрии шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дубора шурӯъ хоҳад шуд.



Сохтмони ин нирӯгоҳ дар замони шӯравӣ оғоз гардида, пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин сохтмонро боздошт. Масолеҳи сохтмон ва таҳҷизоти нирӯгоҳи нотамом ба ғорат рафт ва шаҳри бинкорони Роғун ба харобазор табдил шуд. Георгий Петров мушовири вазири энерҷии Тоҷикистон гуфт, тасмими аз сар гирифтани сохтмони сарбанди ГЭС-и Роғун дар пайи боздиди як ҳайати коршиносони Тоҷикистон ва Русия аз нирӯгоҳҳои Норак ва Роғун гирифта шуд. Аммо феълан барои вазорати энерҷии Тоҷикистон мушкилоти дигаре пеш омадааст, ки сарфи назар кардани он метавонад, барои иқтисоди Тоҷикистон оқибатҳои миёншикан дошта бошад. Аз соли 1999 дар нирӯгоҳи Норак бар асари шуста шудани бунёди он, ду зеристгоҳи пурқудрати тақсими нерӯи барқ дар вазъи хатарнок қарор доранд. Ҷаноби Петров мегӯяд, феълан барои ниҳоди онҳо тармиму таҷдиди ин зеристгоҳҳо аз сохта шудани сарбанди обанбори Роғун ҳам муҳимтар мебошад ва тасмим истифодаи нирӯгоҳи барқии Норак барои 50 соли дигар бе тармиму таҷдиди ду зеристгоҳи барқӣ номумкин хоҳад буд. Бунёди зеристгоҳҳо шуста шуданд ва бояд ин шабакаҳои тақсими барқро ба як мавзеи бехатар кӯчонида ҳамзамон дастгоҳҳояшонро иваз намоянд. Дастгоҳҳои мавриди ниёзи мутахассисони тоҷик дар Швейтсария тавлид мешаванд. Георгий Петров афзуд, барои роҳандозии лоиҳаи тармими зеристгоҳҳои Норак 40 миллион доллар зарур аст. Бӯҳрони энерҷии Тоҷикистон бар асари ду хушксоли ахир боз ҳам шадидтар гашт. Тайи ин ду сол ҳаҷми оби обанборҳои кишвар ба маротиб кам шуд. Ба маҳзи ин вазорати энерҷии Тоҷикистон ҳамасола лимити қатъие ҷорӣ мекунад, ки мутобиқи он дар шаш моҳи сол барқ ба навоҳии кишвар ҳудуди 2 ё 3 соат интиқол дода мешаваду халос. Георгий Петров мегӯяд, бо назардошти ин вазъ вазорати энерҷӣ як тарҳи дигареро омода кардааст, ки имкон медиҳад, тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Норак ба маротиб афзоиш дода шавад. Георгий Петров мегӯяд, вазъи сарбанди обанбори Норак, ки 25 сол дорад, феълан олӣ аст ва мо метавонем сатҳи оби обанборро боло бурда ва тавлиди барқро аз 200 то 600 миллион киловат афзоиш диҳем. Ин лоиҳаи мо пас аз ташхиси коршиносони байналмилалӣ мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Барои анҷоми ин лоиҳа фақат 150 ҳазор доллар масрафт хоҳад шуд. Ин тарҳи вазорати энерҷии Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои худӣ раҳандозӣ мешавад. Аммо ин ниҳод тавони ба танҳои бунёд кардани обанбори Роғунро надорад. Георгий Петров изҳор дошт, барои сохтмони сарбанди обанбор ҳудуди 200 миллион доллар зарур аст. Аммо сохтмони ин сарбанд метавонад, самаранокии истифодаи нерӯгоҳи барқии Норакро 5 маротиба афзоиш диҳад. Георгий Петров мегӯяд, мутобиқи назардошти онҳо дар сурати бунёди ин сарбанд ва афзоиши тавлиди барқ фоидаи он ҳамасола 129 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ва ин тарҳи онҳо таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ, асосан шарикҳои иқтисодии корхонаи арзизи Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардааст. Зимнан бояд гуфт, ба маҳзи таъмин нашудан аз барқи дохилӣ корхонаи алюминии тоҷик аз ҷумҳурии Туркманистон ҳамасола 1,5 киловат нирӯи барқро бо қимати 3 сентӣ ё ба маблағи 30 миллион доллар харидорӣ мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки нархи як киловат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 0,5 сентро ташкил медиҳад. Георгий Петров мутмаиин аст, ки сармоягузорони хориҷӣ бидуни шаб дар бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун саҳм хоҳанд гирифт. Зеро ин тарҳ муваффақтарин лоиҳаест, ки коршиносони рус ва тоҷик омода кардааанд ва сохтмони ин сарбанд имкон медиҳад, сармояи масрафтшуда бо судаш дар се сол бозгардонида шавад.

XS
SM
MD
LG