Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раиси додгоҳ ба 14 соли ҳабс маҳкум шуд



Илҳоми Ҷамолиён

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловск, воқеъ дар шимоли мамлакат баррасии парвандаи ҷиноии Ҳомид Абиев, раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Новро ба поён расонида, ӯро бо иттиҳоми ришвагирӣ ба сӯйистифода аз мақоми хизматӣ ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум намуд.



Дар қарори Додгоҳи олӣ омадааст, ки Ҳомид Абиев ҳангоми раиси суди ноҳияи Нов буданаш, бо сӯйистифода аз мақоми хизматӣ ба фасодкорӣ шуғл доштааст. Ҷониби айбдоркунанда 16 мавриди ришвагирии ин соҳибмақомро муайян карда, аз Додгоҳи олӣ 16 сол зиндонӣ шудани Абиевро тақозо намуд. Вале дар муҳокима танҳо 8 мавриди ришвагирии Ҳомид Абиев тасдиқ шуд. Аммо намояндаи ҷониби мудофиаи маҳкумшуда даъво пеш овард, ки қарори додгоҳ ғайриодилона буда баррасии парвандаи бархилофи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Бино ба гуфтаи Алибек Сатторов, вакили мудофиаи Ҳомид Абиев, барои боздошти раиси додгоҳ бояд раиси ҷумҳури Тоҷикистон иҷоза медод, ки дар мавриди боздошти Ҳомид Абиев ин масъала аз ҷониби мақомоти додситонӣ сарфи назар шудааст. Ҷониби мудофиа мегӯяд, ки онҳо таҷдиди баррасии парвандаи Ҳомид Абиевро тақозо хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол наздик ба 50 нафар хешу ақрабо ва пайвандони маҳкумшуда баъди анҷоми муҳокимаи додгоҳ дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд бо нишони эътироз ҷамъ омаданд, ки ин гирдиҳамойи аз ҷониби кормандонмақомоти интизомии вилоят пароканда шуд. Бино ба гуфта коршиносон, таи панҷ соли ахир ин аввалин ҳодисаест, ки боломансаби мақомоти додгоҳи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум мешавад.

XS
SM
MD
LG