Пайвандҳои дастрасӣ

Мустафо Тағоев, собиқ муовини фармондеҳи бригадаи махсус боздошт шуд



Мирзои Салимпур

Муовини пешини Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Мустафо Тағоев, ки бо айбномаи ҷиноятҳои сангин аз тарафи мақомоти интизомӣ ҷустуҷӯ мешуд, дар шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.



Собиқ муовини фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон полковник Мустафо Тағоев, ки ба як қатор ҷиноятҳоио сангин айбдор мешавад, дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Ин ва шонздаҳ нафар аз тарафдоронаш, ки дар оғози соли 1999 аз бригадаи таҳти фармони Сӯҳроб Қосимов ҷудо шудаанд, аз охири соли 1999 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштанд. То ҳол даҳ нафар аз ин гурӯҳ боздошт шудааст ва пажӯҳиши парвандаи ҷиноии онҳо идома дорад. Қаблан Мустафо Тағоев бо айбномаи куштор, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо тибқи қарори авфи соли 1998 вай ба озодӣ баромад. Дар давраи амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов овозае нашр гардид, ки Мустафо Тағоев ба ошӯбгарон ҳамроҳӣ кардааст. Вале ҳанӯз далели ширкати ӯ дар амалиёти зидди ҳукумат ба даст наомадааст.

XS
SM
MD
LG