Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Ӯзбакистон истеъфои Мирзо Зиёевро талаб накардааст



Мирасрори Фарғонӣ

Мақомоти расмии Ӯзбакистон хабарҳоро дар бораи инки президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов истеъфои вазири ҳукумати Тоҷикистонро талаб кардааст, рад намуданд. Корманди дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, робитаҳои миёни ду кишвар хубанд ва имкони боз ҳам беҳтар шуданро доранд.



Тошканд. Мақомоти давлати Ӯзбакистон хабарҳои инро ки гӯё президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов истеъфои вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёевро талаб кардааст, рад намуданд. Корманди масъули дафтари матбуоти президент Каримов гуфт, бо чунин талаб ягон номаи расмӣ ба унвони раҳбарияти Тоҷикистон фиристода нашудааст. Вай афзуд, паҳн кардани чунин хабарҳо кори онҳоест, ки мехоҳанд, дӯстию рафоқати миёни Ӯзбакистону Тоҷикистонро халалдор созанд. Ба гуфтаи ин манбаъи давлати Ӯзбакистон ҳоло миёни ду кишвар ягон мушкиле мавҷуд нест ва ҳама гуна масъалаҳо метавонанд, бо роҳи гуфтушуниди дуҷониба ҳалли худро пайдо кунанд. Дар ҳамин ҳол манбаъҳои дигар дар Тошканд эътироф мекунанд, ки раҳбарияти Ӯзбакистон дар симои Мирзо Зиёев шахсеро мебинанд, ки дар гузашта бо сарвари мусаллаҳони ошӯбгари исломии ӯзбак Ҷумъа Ҳоҷиев робитаҳои наздик дошт ва эҳтимолан ба ҳамали гурӯҳҳои ӯ дар соли гузашта кӯмак кардааст. Ба сурати куллӣ мақомоти Ӯзбакистон аз он ноқаноатманданд, ки ниҳодҳои давлати Тоҷикистон аз вуруди чунин гурӯҳҳо ба Ӯзбакистон дар соли 2000-ум пешгирӣ накарданд.

XS
SM
MD
LG