Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боло рафтани нархи ҷамъоварии пахта тасдиқ нашуд



Раҳматкарими Давлат

Расонаҳои гурӯҳӣ пахтакоронро хушҳол карданд, ки нархи ҷамъоварии ҳосили нав то 80 дирамро ташкил хоҳад дод, аммо шахсони масъул гуфтанд, ин маълумот дуруст нест.



Ҳукумати Тоҷикистон барои оғози ҷамъоварии ҳосили пахтаи имсол 30 миллион сомонӣ ихтисос дод ва тибқи қарори он имсол низ пахтаи хоҷагиҳо бо нархи пешин харидорӣ хоҳад шуд. Расонаҳои хабарӣ аз ҷумла, хабаргузориҳои Ховар ва Азия-Плюс, дар гузоришҳои худ иштибоҳан нархи харидории як кило пахтаро 60 то 80 дирам гуфта буданд, ки боиси хушҳолӣ ва ҳамзамон тааҷҷуби пахтакорон гардида буд. Аммо Анвар Зоҳиров, сардори идораи умури кишоварзӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин хабар дуруст нест ва дар шароити имрӯзи Тоҷикистон харидорӣ ба ин қимат амалан имкон надорад. Ба гуфтаи ҷаноби Зоҳиров бо супориши ҳукумат як комиссиюни махсус таъсис шудааст ва аъзои он ба навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи умумии хоҷагиҳои пахтакор ва сатҳи омодагии онҳо ба маъракаи ҷамоварии ҳосили нав фиристода шудаанд. Ба гуфтаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон имсол бештар аз 270 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки наздики 600 ҳазор тонна ҳосил ҷамоварӣ хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки дар сар то сари Тоҷикистон дар соли гузашта ҳамагӣ 300 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ шуда буд, Анвар Зоҳиров мегӯяд, ки ин як хулосабарории пешакии идораҳои кишоварзӣ мебошад ва комиссиюни таъиншуда қарор дорад то поёни ҳафтаи ҷорӣ натиҷаи сафар ва хулосаи худро дар бораи имконот ва андозаи тақрибии ҳосил ба ҳукумат диҳад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Зоҳиров номусоидии иқлими имсол ва зиёднишондиҳии кишти заминҳо аз ҷониби баъзе амалдорон имкон дорад, дар кам шудани натиҷаи ҳосил таъсир гузошта бошад. Мақомоти кишоварзӣ ба ҳукумат ваъда додаанд, ки дар моҳи ноябр ҷамъоварии ҳосили пахтаро анҷом хоҳанд дод, вале дар сурати анҷом нашудани ин кор то моҳи ноябр ҳукумат нархи харидории пахтаро ба хотири талаф нашудани ҳосил афзоиш хоҳад дод, мегӯяд Анвар Зоҳиров Ин дар ҳолест, ки бархе аз хоҷагиҳои пахтакорӣ мегӯянд, дар дарёфти маблағи ихтисосёфтаи соли гузашта душворӣ доштанд ва аз ин лиҳоз натавонистанд қисмате аз дастмузди коргарони худро то кунун пардохт кунанд.

XS
SM
MD
LG