Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрдҳои Қирғизистон нишон медиҳанд, ки Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон сабки амали худро тағйир медиҳад



Арслон Куйчиев

Задухӯрдҳои ахир дар марзи Қирғизистон ишора ба он мекунанд, ки ҷангиёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон тактикаи нави ҳуҷуми тобистонаро ба Қирғизистон рӯи кор овардаанд. Ба гуфтаи нозирон ва баъзе мақомоти расмии Қирғизистон ҷангиён ноаён ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда, дар байни мардуми маҳаллӣ ба сар мебаранд ва бо мақсади печидатар намудани муносибати кишварҳои ҳаммарз, ба мавқеъи низомиёни қирғиз шабехун мезананд ва ноаён ба паноҳгоҳҳои худ бармегарданд.



Роҳҳои ҳуҷуми имсолаи ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ аз задухӯрдҳои порсола фарқ дорад. Онҳо имсол манотиқи марзии Қирғизистону Ӯбакистонро интихоб намуданд. Охири моҳи июл ҷангиёни исломӣ талош намуданд, ки пойгоҳи пахши барномаҳои телевизионро дар 30-километрии шаҳри Қизил Қия ишғол кунанд. Ин иқдоми онҳо аз ҷониби коршиносон ҳамчун тағйири сабки фаъолият арзёбӣ шуд. Баъди чанд соати задухӯрд ба низомиёни қирғиз муаяссар гардид, ки ҳуҷуми чангиёни ӯзбакро бозпас гардонанд. Аммо тибқи баъзе манбаъҳо имкон дорад, ки ҷангиён на танҳо ба кӯҳу камар, балки ба деҳкадаи Уч Қурғон низ ақибнишинӣ карда, бо мардуми маҳаллӣ омехта шаванд. Дар бораи хисороти ҷонии ҳар ду тараф иттилоъе мавҷуд нест. Задухӯрди нахустини ҷангиёни исломии ӯзбак бо нируҳои ҳукумати Қирғиизистон, ки 24-25 июли соли равон дар ағбаи Гуамиш, наздикии пости Ҳайдаркент оғоз ёфт, ба он далолат мекунад, ки ҷангиён дар дохили кишвар ба сар мебаранд. Зеро дар ҳоле, ки пости Ҳайдаркент мавриди ҳуҷум буд нируҳои дигари он дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳаракати ҷангиёнро мушоҳида накарданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса низ ҷангиён баъди ҳуҷум дар байни мардуми маҳалии ин манотиқи куҳдоман омехта шуданд. Мақомоти низомии Қирғизистон борҳо таъкид кардаанд, ки назорати марзро пурқувват кардаанд. Аммо баъзе коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки ҷангиёни Исломии Узбакистон ба водии Фарғона паноҳ бурда, баъдан бо гуруҳҳои хурд ва ё ба таври индивидуалӣ ба қаламрави и Қирғиизистон ворид мешаванд. Таваҷҷуҳи афзояндаи аҳолии маҳаллӣ ба ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ ба онҳо кумак мекунад, ки аз ошкору боздоштшавӣ фирор кунанд. Дар ҳар сурат акнун мақомоти қирғиз фаъолият ва буду боши ҷангиёнро дар дохили кишвари худ эътроф мекунанд. Эътирофи ин воқеъият, ки ҷангиёни Ҷумъаи Намнагонӣ дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд ва аз дохил ба постгоҳҳоии низомии он ҳуҷум мекунанд, барои беҳтар шудани муносибати Тоҷикистон ва Қирғиизистон кумак мекунад. Қаблан Бишкек Душанберо ба он муттаҳам мекард, ки ба ҷангиён паноҳ дода аз ҳуҷми онҳо ба қаламрави Қирғиизистон ҷилавгирӣ намекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ин иттиҳомро рад мекарданд. 27 июл камиссиюни муштараки тоҷику-қирғиз тафтишеро дар марзҳои шарқии Тоҷикистон анҷом дод ва ҳеҷ нишонеро аз мавҷудити Ҷумъаи Намангони ва гуруҳи у дар минтақаи Қаротегин пайдо накард. Аммо баъзе мақомоти низомии қирғиз ба набуди пойгоҳи ҷангиён дар қаламрави Тоҷикистон бовар надоранд. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов, ки ахиран бо мақомоти қирғиз равобити хубтареро ба роҳ мондааст, ба кишвари ҳамсоя ваъда дод, ки дар сурати ошкор шудани ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ дар манотиқи Тоҷикистон мақомоти низомӣ ва сиёсии он минтақаҳоро муҷозот хоҳад кард. Иҷрои ин ваъда кори осон нест. Зеро собиқ фармондеҳоне, ки ҳоло таҳти нуфузи ҳукумати Раҳомонов мебошанд ва ҳамзамон равобит бо Ҷумъаи Намангониро низ ҳифз кардаанд, манотиқи муаянеро дар қисмати шарқии кишвар таҳти назорат доранд. Дар баробари фаъолиятҳои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ҷумбишҳои ифротгарои дигар, ба вежа Ҳизби Таҳрир дар Фарғона густариш меёбад. Аммо то ҳануз дар бораи ҳамоҳангии фаъолити он бо Ҳаркати Исломии Ӯзбакистон шаҳодате вуҷуд надорад. Ба гуфти коршиносони маҳаллӣ аз манотиқи кӯҳдоман ба ҳамворӣ кучидани амалиёти ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ далели он аст, ки онҳо мехоҳанд Қирғизистонро ба ҷанги густардаи минтақавӣ бикашанд.

(Аз Евразиянет, баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG