Пайвандҳои дастрасӣ

Муколамаи Санкт-Петербург: Тоҷикистон дар самти ҳокимияти авторитарӣ ҳаракат дорад



Мирзои Салимпур

Ширкаткунандагони муколамаи сиёсӣ -- намояндагони ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсии кишвар аз равандҳои ташвишомез дар бунёди ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон сӯҳбат карда, зарурати гуфтугӯи ошкороро дар дохили кишвар дар ин мавзӯъ таъкид намуданд.



Ахиран гуфтугӯи миёни тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо изҳори нигаронӣ аз монеъаҳои эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низоми феълии ин кишварро авторитарӣ ном бурд. Ин гуфтугӯ сари ҳар чанд вақт дар шаҳрҳои мухталифи хориҷи Тоҷикистон бо ибтикори бунёди Катеринг ва донишгоҳи Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҳамдастӣ бо маркази тадқиқоти стратегию сиёсии Русия ва ҷонибҳои дар собиқ рақиби Тоҷикистон сурат мегирад. Муҳиддин Кабиров, муовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва як тан аз ширкаткунандагони нишаст гуфт, баррасии вазъи феълии мамлакат мавзӯи аслии гуфтугӯҳо буд. Ва онҳо дар ҳуҷҷати ниҳоӣ аз афзоиши авторитатизм дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Конгресси халқи Тоҷикистон низ зиёд шудани тамоили авторитариро дар низоми сиёсии мамлакат тасдиқ намуд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, дар нишасти мазбур дар ин авохир афзоиш ёфтани куштори чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон ва амалиёти нирӯҳои ҳукумат алайҳи афроди Раҳмон Сангинов дар атрофи шаҳри Душанбе низ баррасӣ шудааст. Муҳиддин Кабиров, афзуд, аҳли нишаст усули пиёда кардани нирӯҳои интизомии ҳукуматро дар мубориза алайҳи гурӯҳи Раҳмон Сангинов, ки боиси қурбонӣ ва ҳисороти зиёд дар байни мардуми мулкии ин манотиқ шудааст номувофиқ ба вақту замон арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи аҳли гуфтугӯ дар шаҳри Санкт Петербург ҷараёни сохтмони низоми чандҳизбӣ дар Тоҷикистон, эҷоди мушкилот ва монеагузориҳои дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсии мамлакат низ дар ин нишаст муҳокима шуданд. Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон масоили сулҳро барои худ кори анҷомшуда меҳисобанд ва мушкилоти боқии онро ҷиддӣ намегиранд, фақат дар хориҷи кишвар идома ёфтани гуфтугӯи сулҳ нишон медиҳад, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин марвид аз мавқеи ҷониби ҳукумат фарқ мекунад. Ширкати намояндагони аҳзоби мухталиф ва ҷониби ҳукумати кишвар дар чунин гуфтугӯҳо имкон медиҳад, масъалаҳои мубрами сулҳи кишвар озодона гуфта шуда аз ин тариқ роҳҳои осоиштаи ҳалли мушкилоти мавҷуда баррасӣ шаванд. Аҳли нишасти Санкт Петербург аз ин лиҳоз зарурати барпои якчунин гуфтугӯи густарда ва фарогири сиёсиро дар дохили Тоҷикистон низ таъкид карданд.

XS
SM
MD
LG