Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади мармузи фармондеҳони собиқи Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар шаҳри Душанбе



Мирзонабии Холиқзод

Рӯзи шанбеи гузашта фармондеҳони пешини оппозитсюни тоҷик Мирзо Зиёев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Саламшоҳ Муҳаббатов, Абдуҳалим Назаров ва дигарон дар пойтахти кишвар, гуфта мешавад, барои қабули як муроҷиатнома ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов гирди ҳам омадаанд. Инҳо аз шумули фармондеҳони оппозитсюни собиқ ҳастанд, ки тибқи саҳмияи 30-дарсада дар вазифаҳои гуногуни баландпояи ҳукумат шомил шудаанд.



Манобеи мустақил изҳор доштанд, ки ин мулоқот бо даъват ва таҳти сарварии раҳбари пешини аппозитсюни тоҷик, раиси ҳизби наҳзати ислом Саид Абдуллоҳи Нурӣ сурат гирифтааст. Аммо ноиби ҳизби наҳзати ислом Муҳиддини Кабирӣ ин иттилоъро ба хабарнигорон рад намуд. Яке аз фармондеҳони номбурда гуфт, воқеан онҳо ҷамъ шудаанд, вале дар бораи ҷузъиёти нишаст ҳеҷ чизе гуфта наметавонад. Саламшоҳ Муҳаббатов раиси кумитаи нафти кишвар изҳор дошт, ки масъалаи муроҷиатномаро ба унвони ҳукумат баррасӣ кардаанд, вале ҳоло аз додани хабар роҷеъ ба он худдорӣ мекунад. Генерал Мирзо Зиёев роҷеъ ба ин мулоқот мегӯяд, вақте расонаҳо дар ин бора иттилоъ доданд, он гоҳ мо дар бораи муроҷиатномае, ки гӯё дар ин вохӯрӣ фармондеҳони аппозитсюн баррасӣ кардаанд, гап мезанем. Вале як манбаи ба ҳукумат наздик гуфт, сабаби ҷамъ омадани фармондеҳони пешин посух ба пешниҳоди сиёсии президент Раҳмонов мебошад. Ин манбаъ меафзояд, президент аз ин фармондеҳон тақозо намуд, ки мавқеи худашонро дар баробари сиёсати ҳукумат рӯшан кунанд, ки онҳо узви ҳукумат буда, аз мавқеи ҳукумат пуштибони мекунанд ва ё ҳанӯзам дар андешаи аппозитсюн бо ҳукумат қарор доранд. Зеро аз тариқи расонаҳои хабарӣ генерал Мирзо Зиёев амалиёти ҳукуматро алайҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов як амали ҷиноӣ ном бурд ва фармондеҳони дигари оппозитсюни пешин низ дар ҷараёни ин амалиёти ҳукумат дар Теппаи Самарқандӣ хомӯширо ихтиёр карданд. Илова бар ин коршиносон мегӯянд, дар соли гузашта, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе Мирзо Зиёев дар мавриди Ҷумаи Намангонӣ изҳор дошт, ки вай террорист нест ва яке аз муборизони роҳи озодӣ дар баробари сиёсати яккасолории Ислом Каримов мебошад. Коршиносон меафзоянд, чунин мавқеи фармондеҳони нирӯманди оппозитсюни пешин, ки ҳанӯзам дасти тавоно дар манотиқи таҳти нуфузи пешини худ доранд барои амнияти кишвар ва сиёсати ҳукумат хатарнок мебошад. Аммо дар муроҷиатномаи фармондеҳони пешини аппозитсюн мавқеи онҳо нисбати сиёсати ҳукумат чӣ гуна баррасӣ шудааст ва кай онро ба дастгоҳи президенти кишвар пешниҳод мекунанд, ҳанӯз иттилоъи дақиқ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG