Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Адолатхоҳро мамнӯъ эълон кард



Тоҳири Сафар

Дар ҳоле ки айбмониҳои Вазорати адлияро раҳбари ҳизб қисман қабул дошта, барои ислоҳи онҳо шаш моҳи дигар дархост намуд, яке аз намояндагони ҳизби мазкур гуфт, сабаби асосии ҳукми додгоҳ ба иштироки Ҳизби Адолатхоҳ дар маъаракаи интихоботи президентӣ бастагӣ дорад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи душанбе ҳукми манъи пурраи фаъолияти Ҳизби Адолтахоҳро эълон кард. Дар ҳукмнома гуфта мешавад, ки ин ҳизб Қонуни фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро вайрон кард ва дар шаш моҳи таъйиншуда камбудиҳои худро ислоҳ нанамуд. Ба таври мушаххас ба ҳизб чунин айб гузошта шуд, ки он дар ноҳияҳои гуногуни кишвар ячейкаҳои ибтидоӣ надорад, шумори аъзояш кофӣ ва муайян нест ва дар санадҳои худ ба сохтакориҳо роҳ додааст. Раҳбари ин ҳизб Абдураҳим Каримов, ки дар муҳокима иштирок надошт, пеш аз оғози он аз Додгоҳи Олӣ дархост кард, ки барои ислоҳи ин нуқсон шаш моҳи дигар мӯҳлат мехоҳад. Узви ҳизби мазкур Шокирҷон Ҳакимов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи Олӣ аз заминаи ҳуқуқӣ дида бештар заминаи сиёсӣ дорад ва мухолифатҳо ба фаъолияти ҳизб аз давраи пешбарии номзадҳо дар интихоботи президентӣ сар шудаанд. Ҳизби адолатхоҳ дар интихоботи президентӣ номзадии сиёсатмадор Сайфиддин Тӯраевро пешниҳод карда буд. Баъди ин ситоди ҳизби мазкур мавриди кофтукови полис қарор гирифт. Дар ҳоле ки бархе аз сиёсатмадорони тоҷик худи ҳизбро дар камфаъолиятӣ ва роҳ додан ба камбудиҳои ҳуқуқӣ масъул медонанд, бархи дигар бар инанд, ки баста шудани Ҳизби Адолатхоҳ як зарбаи дигаре ба низоми бисёрҳизбӣ ва озодии фаъолиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG