Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зоиров: Масъулияти қатли 82 шаҳрванди осоишта ва ҷароҳати 170 нафари онҳо дар Теппаи Самарқандӣ бар дӯши кист?



Мирзонабии Холиқзод

Раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо сабаби нокомӣ дар амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Теппаи Самарқандӣ ва талаф ёфтани мардуми осоишта бояд сарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ки дар ин амалиёт ширкат доштанд, ба истеъфо раванд.



Ба гуфтаи раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, ки мегӯяд, ҷараёни амалиёти нирӯҳои ҳукуматиро дар Теппаи Самарқандӣ ва ҷиҳатҳои ҳуқуқии онро пажӯҳиш кардааст, ҳукумат натавонист бо истифода аз нирӯи кам ва бе талафоти калони аҳолии осоишта ва моликияти онҳо гурӯҳҳои худсари Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро аз байн барад. Вай афзуд, ин амалиёт бо поймол шудани сартосарии ҳуқуқи шаҳрвандон гузаронида шуд ва натиҷаҳои он рӯшан нестанд. Ҷаноби Зоиров ин саволро ба миён гузошт, ки чаро ҳукумат дар амалиёти зидди террористон нирӯҳои зиёд, тӯпхона ва ҳавопаймоҳоро ба кор бурд ва на мусаллаҳони мушаххас, аммо нуқтаҳои маскунӣ ва мардуми ин маҳалро ҳадаф қарор дод. Бо вуҷуди ин ҷон ба саломат бурдани Раҳмон Сангинов ва гурӯҳе аз тарафдорони ӯ, ба гуфтаи ҳуқуқшиноси варзида, аҳамияти амалиёти давлатро дар муқобили ин гурӯҳҳо ночиз кардааст. Раҳматулло Зоиров гуфт, дар рафти ин амалиёт 82 шаҳрванди осоишта кушта ва 170 нафар захмӣ гардида, даҳҳо нафар бегуноҳ мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор ёфт. Вай ин амалиётро бо амалиёти зидди Ризвон Содиров муқоиса карда, гуфт, ду ҳолат аз ҳам ба куллӣ фарқ мекунанд. Амалиёти зидди Ризвон дар баробари амалиёти зидди Раҳмон Сангинов нокомӣ ба шумор меравад. Зоиров афзуд, мақомоти марбутаи Тоҷикистон медонистанд, ки Раҳмон Сангинов ҳар ҳафта як бор ба бозори километри нуҳӯм ва ба масҷиди ин ҷо меомад. Агар вазоратҳои амният ва дохилӣ амалиёти ҷиддӣ тарҳрезӣ мекарданд, метавонистанд, бо як гурӯҳи 15-нафарӣ мушкили мазкурро ҳал кунанд. Баъди чунин натиҷаҳо, гуфт Раҳматулло Зоиров, президент Раҳмонов бояд вазирони масъулро ба истеъфо фиристад.

XS
SM
MD
LG