Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нишасти ғайрирасмии 10 президент дар Сочӣ



Салими Аюбзод

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, раванди сулҳи Тоҷикистон ва амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористиро баррасӣ карданд. Вале президентҳои дигар бо масъалаҳои дигар ба Сочӣ омада буданд...

Президенти Русия Владимир Путин аз натиҷаҳои нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар Сочӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон ба ин нукта мухолифат надошт, ки ин иттиҳод баъди фурӯпошии шӯравӣ ба сифати сохтори самаранок боқӣ мемонад. Нишасти мазкур ботинан гӯё аз ду бахш иборат буд. Яке зиёрати ҳар як президенти кишварҳои узв аз президенти Русия Владимир Путин дар алоҳидагӣ, ба истиснои Шеварднадзеи Гурҷистон ва Ниёзови Туркманистон, ки наомада буданд, ва нишасти якҷояи сарон, ки баъди он Путин бо раисоне, ки дертар расида буданд, ҷудогона дидору гуфтугӯ кард. Дар ҳар дидори Путин ва президентҳо бо вуҷуди барасии масъалаҳои гуногун як ё ду мавзӯъ бартарӣ доштанд. Чунончи бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки аввалин мусоҳиби Путин дар Сочӣ буд, вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон, бо президентҳои Арманистон Кочариян ва Озарбойҷон Алиев--ҳалли низоъи Қарабоғ ва сафари моҳи сентябрии Путин ба Арманистон ва коркардаи захираҳои нафт дар Хазар, бо Ислом Каримови Ӯзбакистон тундравии исломӣ дар Осиёи Марказӣ, бо Аскар Оқоев--мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ дар Қирғизистон, бо Воронини Молдова--ҳалли ихтилофи пиромуни минтақаи Соҳили Днестр ва ғайра. Сӯҳбати умумӣ ба он мавзӯъ бахшида шуд, ки Ҷомеъаи муштаракулманофеъ то чӣ ҳадд ниҳоди коргар аст ва оё иттифоқу паймонҳои дохили он ба ягонагии ин сохтор зарар намерасонанд. Натиҷа: Сохторҳои дарунӣ заруранд, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххас кӯмак мекунанд. СНГ ҳам муҳим аст, ки имкони чунин гуфтушунидҳоро медиҳад ва бо вуҷуди даст надоштанаш ба комёбиҳои ҷиддии иқтисодию амниятӣ, тавонистааст Шӯравии собиқро аз низоъи густардае монанди Югославия ҳифз кунад. Дар ин нишастҳо ягон санад ба имзо нарасид ва ширкаткунандагони он мегӯянд, гуфтугӯҳо хеле ошкорову бепарда буданд. Вале таҳлилгарон ҳангоми баррасии ин мавзӯъ, ки оё тарафҳо баробарҳуқуқ буданд ва ё ҳастанд, ба нақши асосӣ ва ҳалкунандаи Русия ишора мекунанд. Барои аксари кишварҳои узв масъалаи амният дар ҷои аввал қарор дорад ва барои таъмини он на ҳамкории умумӣ миёни ҳамаи аъзо, балки ҳамкорӣ бо русия аҳамияти аввалиндараҷаро касб кардааст. Дар баҳси миёни ду узви ҷомеъаи муштаракулманофеъ низ Русия мехоҳад доварӣ кунад. Вале Маскав ба ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо аз зовияи манфиатҳои худ менигарад. Ҳамин дидгоҳ дар ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ки асосан тарҳрезӣ мешаванд ва аммо иҷрои онҳо ба таъхир меафтад, низ ба мушоҳида мерасад. Танҳо акнун, вақте ки Русия аз лиҳози иқтисодӣ нирӯи бештарро соҳиб мешавад, розист, ки дар Ҷомеъаи муштаракулманофеъ манотиқи тиҷорати озод ташкил шаванд. Аммо дар иҷрои ин барнома низ аъзои ҷомеъа бояд манфиатҳои Русияро дар мадди назар дошта бошанд. Хабаргузориҳо ду порчаро аз гуфтаҳои ду президент нақл мекунанд. Президенти Қазоқистон мегӯяд, ҳар яки мо давлатҳои мустақилем ва бо роҳи хоси худ пеш меравем ва бо хости худ узви ин ё он иттиҳод мешавем. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, нишасти Сочӣ ба умури Ҷомеъаи муштаракулманофеъ таъсири амалӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG