Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди Байналмилалии Асъор натиҷаҳои навбатии татбиқи барномаи Коҳиши Камбағалӣ ва Танзими Рушди Тоҷикистонро мунташир намуд



Хоҷаи Мирзода

Дар охири соли 2000-ум Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ як миллиарду дусаду сӣ миллион доллар қарздор буд, ки он ба 129 фоизи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон баробар буда, асосан дар тӯли даҳ соли соҳибистиқлолӣ гирифта шудааст.

Ҳафтаи равон Бунёди Байналмилалии Асъор натиҷаҳои баррасии навбатии татбиқи барномаи Коҳиши Камбағалӣ ва Танзими Рушд Тоҷикистон ва фикру ақидаи кормандони воломақоми Бунёд оиди ин кишварро, ки 11 июл дар Шӯрои Мудирони Бунёди Байналмилалии Асъор иброз гардидаанд, дар шакли муфассал ба нашр расонид.

11 июл Шӯрои Мудирони ББА тахсиси ҳашт миллион доллар ба Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки афзоиши тавлиди нохолиси миллӣ ва инфляцияи Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли 2001-ум ба меъёрҳои дар барномаи коҳиши камбағалӣ муайян шуда мутобиқ буд.

Иҷрои барномаи сесолаи коҳиши камбағалии ҳукумати Тоҷикистон, ки 125 миллион долларо ташкил медиҳад, тобистони соли 1998 оғоз ёфт ва то ин замон Тоҷикистон беш аз 90 миллион доллар қарзи ББА-ро мавриди истифода қарор додааст.

ББА менависад: "Фаъолиятҳои иқтисодии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, вазъи макроиқтисодӣ устувортар ба назар мерасад. Тавлиди нохолиси миллӣ дар семоҳаи аввали соли 2001-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт фоиз бештар буда, инфляция дар чорчӯби муътадил нигаҳ дошта шуд. Аммо боз як соли хушк метавонад дастовардҳои Тоҷикистонро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Коршиносони ББА иброз намудаанд, ки аз охирҳои соли 2000-ум то кунун қурби сомонӣ дар муқобили доллари ИМА тақрибан бетағйир аст. Ба истиснои пардохти қарзҳои хориҷӣ ҳукумат тамоми нишондиҳандаҳои Барномаи Коҳиши Камбағалӣ ва Танзими Рушдро иҷро намуд.

Дар Стратегияи Коҳиши Камбағалии Тоҷикистон, ки феълан аз тарафи ҳукумати кишвар тарҳрезиву омода мешавад, масъалаи пардохти қарзҳои хориҷӣ ҷои муҳим ишғол намудааст. Аз ҷумла назорат ва ба истилоҳ ҳаллу фасли қарзҳо, истифодаи воридоти хусусигардонӣ барои пардохти қарзҳо ва имкони гирифтани саҳмияҳо бар ивази қарз пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон ҳукумат, дар баробари маҳдудсозии гирифтани қарзҳои хориҷӣ, мехоҳад аз роҳи музокирот бо кишварҳои қарздиҳанда масъалаи таъхири пардохти қарзҳои кунуниро баҳс намояд.

Дар охири соли 2000-ум Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ як миллиарду дусаду сӣ миллион доллар қарздор буд, ки он ба 129 фоизи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон баробар буда, асосан дар тӯли даҳ соли соҳибистиқлолӣ гирифта шудааст.

Қарздиҳандагони калонтарин Тоҷикистон бо 312, 5 миллион доллар Русия ва бо 129 миллион доллар Узбакистон мебошанд. Ба фикри мутахассисони ББА иқдомҳои ҳукумат оиди бозпардохти қарзҳои хориҷӣ бояд ба зудтарин фурсат амалӣ гарданд, зеро иҷрои онҳо ба шурӯи бо муваффақияти татбиқи стратегияи Коҳиши камбағалӣ заминаи хубе фароҳам меорад.

Дар моҳҳои апрел ва маи соли 2001-ум ҳайати коршиносони ББА ба Тоҷикистон сафар карда, ҳамроҳ бо мақомоти кишвар вазъиятро арзёбӣ намуданд.

Ба қавли онҳо Бонки Миллии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки фаъолияти худро ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намояд. Вале дар ҳар сурат камбудиҳо дар низоми ҳисоботдиҳӣ, ба истилоҳ "аудит" ва назорати дохилӣ ба чашм мехӯранд.

ББА изҳор менамояд, ки моҳи маи соли равон ҳангоми баррасии Стратегияи Коҳиши Камбағалии Тоҷикистон дар шаҳри Токио аксари кишварҳоиву созмонҳои кумакрасон аз омодагиҳои кишвар қаноатманд шуданд. Ин ҳуҷҷуат бояд то моҳи октябри соли равон пурра тайёр бошад. Матни комили гузориши ББА-ро дар вебсайт ва ё саҳифаи ин муассиса дар Интернет пайдро кардан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG