Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳиби калисои Сонмин авфи маҳкумшудагони қатлро мехоҳад



Мирзонабии Холиқзод

Муроҷиати роҳиби калисои Сонмин ба президенти Тоҷикистон бо дархости авфи маҳкумшудагони амали террористӣ алайҳи ин калисо бо назардошти авфи гуноҳи онҳо аз тарафи аъзои калисо, синнусоли гунаҳкорон ва намоиши қонунҳои башардӯстӣ.

Роҳиби калисои Сонмини Душанбе Чо Ян Сеэоб аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов авфи маҳкумшудагони таркишро дар ин калисо дархост намуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон чанде пеш ду донишҷӯи Донишгоҳи Исломӣ Мустафоқул Боймуродов ва Садриддин Фатҳиддиновро дар ин таркиш масъул дониста ба қатл маҳкум кардааст. Ба қавли ҳукми айбдоршудагон онҳо моҳи октябри соли 2000-ум дар бинои калисо бомбаеро кор гузоштанд, ки бар асари инфиҷори он 9 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Ин рӯйдод дар гузоришҳои байнулмилал ҳамчун аломати носозгории мазҳабӣ ва мавҷудияти тундравӣ дар муносибат бо динҳои дигар қайд гардид. Роҳиби калисо дар номаи худ гуфтааст, аъзои ин калисо аз гуноҳи масъулони таркиш гузаштаанд ва мухолифи ҳукми қатл мебошанд. Аз сӯйи дигар, афзудааст Чо Ян Сэоб, маҳкумшудагон хеле ҷавонанд ва шояд иштибоҳи худро дарк кардаанд. Дар айни замон сарвари калисои Сонмин аз мақомоти Тоҷикистон барои вокуниши ҷиддӣ ба воқеъа арзи сипос кардааст.

XS
SM
MD
LG