Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашриёти Русия дар бораи гузоришҳои ахир оиди задухӯрд дар Қирғизистон



Саидқосими Қиёмпур

Баррасии таҳлилҳои чанд рӯзнома.

Даргирии шаби 25 июл - задухӯрди байни ду гурӯҳи низомиёни вазорати дифоъ буд, гуфтааст як мақоми баландпояи Қирғизистон дар сӯҳбат бо намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Лондон дар Бишкек. Рӯзномаи "Время Новостей" чопи Маскав бо такя ба ин манбаъ менависад, задухӯрд дар атрофи постгоҳи дохилӣ, ки аз постгоҳи наздимарзӣ андаке дуртар вокеъ гардидааст, ба амал омад ва эҳтимол дорад низомиёни як постгоҳ сӯи ҳамсилоҳони худ тасодуфан оташ кушоданд. Рӯзнома инро чун фарзияи ба эҳтимол наздик арзёби намуда навиштааст, дар даргирии дусоата ҷароҳати сабук бардоштани ду аскар низ ба он далолат мекунад, ки хамлагарон размандагони ҷангдидаи Ҷунбиши Исломии Узбакистон набуданд. Аз ҷониби дигар, баъди ҳар ҳуҷум роҳбарони ин ҷунбиш талош мекарданд, ки дар ин бора ҳарчӣ зудтар иттилоъ пахш шавад. Ва аммо баъди даргирии шаби 25 июл касе масъулиятро бар дӯш нагирифт. Зиёда аз ин, намояндагони Девони Сиёсии Ҷунбиши Исломии Узбакистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ташреҳи ин ҳодиса худдорӣ намуданд. Рӯзномаи "Время Новостей" менависад, тафтиши ҷойи ҳодиса бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳарчанд як манбаъ аз Вазорати Дифоъи Қирғизистон ба Интерфакс иттилоъ дод, ки байни кӯҳпораҳо ҷасади ду разманда пайдо шудааст, мақомоти баландпояи низомии кишвар онро тайид накарданд. Ягона расонаи хабарие, ки бо такя ба манбаъхои ба истилоҳ боэътимод ҳамлагаронро чун размандагони Ҷунбиши Исломии Узбакистон муааррифи намуд, оҷонсии давлатии "Хабар" буд. Ва аммо Булот Ҷонузоқуф раиси хадамоти амнияти миллии Қирғизистон бештар моил ба он аст, ки даргирӣ бо гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифтааст. Ин рӯзнома нигоштааст, акнун мақомоти низомии Қирғизистон маҷбуранд ба наркомафия ва ё ба размандагони Ҷунбиши Исломии Узбакистон шомил будани афроди ба постгоҳ ҳамланамударо бо санадҳо собит намоянд. Тибки иттилоъи "Независимая газета", вазорати дифоъи Қирғизистон дар бораи ҳама гуна ҳаракатҳои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон маълумот дорад ва ахиран иттилоъ гирифт, ки гурӯҳи размандагон марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур намуданд. Теъдоди ҷанговарони Ҷунбиши Исломии Узбакистон номаълум аст, ва аммо гуфта мешавад, ки шумораашон он қадар бузург нест. Зимнан, "Независимая газета" ҳамлаи размандагони Ҷумъаи Намангонӣ ба Қирғизистон ва талоши онҳо тавассути ин кишвар ба Узбакистон ворид шуданро воқеӣ арзёби мекунад. Аз як тараф, ширкат дар чунин даргириҳо барои ин афрод як василаи рӯзгузаронист, зеро размандагон 700 ва фармондеҳони онхо то 2 ҳазор доллар моҳона мегиранд. Аз ҷониби дигар, вазъ дар шимоли Афғонистон тағйир мехӯрад ва дар сурати пирӯзии Аҳмадшоҳи Масъуд размандагони Ҷумъаи Намангонӣ маҷбур хоҳанд шуд, он манотиқро тарк намуда аз марзи Тоҷикистон убур кунанд.



XS
SM
MD
LG