Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зидду нақиз дар бораи идомаи ҳамлаҳои ҷангиёни узбак



Соҷидаи Мирзо

Манобеъи Вазорати Дифоъи Қирғизистон ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ доданд, ки ба думболи ҳуҷуми аввали ҷангиёни узбак ба постгоҳи марзии қирғизҳо дар ағбаи Гуамиш, ноҳияи Ботканд, шоми 25 ба 26и июл низ аскарони қирғиз мавриди ҳуҷуми ҷангиён қарор гирифтанд. Аммо ин иттилоъ бо хабари расмии Вазорати Дифоъи Қирғизистон такзиб шуд.

Манобеъи Вазорати Дифоъи Қирғизистон ба хабаргузории Франс Пресс иттилоъ доданд, ки ба думболи ҳуҷуми аввали ҷангиёни узбак ба постгоҳи марзии қирғизҳо дар ағбаи Гуамиш, ноҳияи Ботканд, шоми 25 ба 26и июл низ аскарони қирғиз мавриди ҳуҷуми ҷангиён қарор гирифтанд. Аммо ин иттилоъ бо хабари расмии Вазорати Дифоъи Қирғизистон такзиб шуд. Вазорат гуфт, дар марзҳои ҷанубии кишвар ҳеҷ таҳаввулоти ҳарбӣ ба амал наомад.

Дар ин миён раиси Кумитаи Марзбонии Тоҷикистон Саиданвар Камолов хабарҳои ахирро, ки ба убури марзи Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ишора мекунанд, такзиб кард ва гуфт, неруҳои ин кумита барои ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиён ба хоки Тоҷикистон манотиқи марзӣ бо Афғонистонро контрол мекунанд ва бо фармондеҳони афғон пайваста тамос мегиранд.

XS
SM
MD
LG