Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба нирӯҳои артиши Қирғизистон дар ағбаи кӯҳии сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Гурӯҳи мусаллаҳ дар ағбаи Гуамиши вилояти Бодканд, дар нуқтаи пайванди марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, нирӯҳои давлати Қирғизистонро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки дар асари он ду марзбони қирғиз захмӣ шуданд. Вазорати дифоъи Қирғизистон мегӯяд, ин гурӯҳ ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мансуб аст.

Гурӯҳҳои мусаллаҳи ошӯбгар дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ба нирӯҳои давлати Қиирғизистон ҳамла карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қирғизистон иттилоъ дода, гуфт, ин ҳамла шаби сешанбе ба чаҳоршанбе сурат гирифта, бар асари он ду сарбози нирӯҳои марзбони қирғиз захмӣ шудаанд. Ба қавли ин манбаъ воқеъа дар ағбаи Гумиш, дувоздаҳкилометрии Ҳайдаркон дар ҷануби Бодканд ба амал омадааст, ки дар нуқтаи пайванди Қиғизистон ва Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Сухангӯи Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон Нурқул Сулаймонов ин хабарро тасдиқ кард. Ин аввалин ҳамлаи мусаллаҳони ошӯбгар аст дар соли равон ва аммо гурӯҳҳои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар ду соли гузашта ба Бодканд ва баъзе манотиқи Ӯзбакистон ҳамла кардаанд. Дар бораи эҳтимоли чунин ҳуҷум расонаҳои гурӯҳӣ ва коршиносони умури минтақа борҳо тахмин задаанд. Сарчашмаҳои хабарӣ дар идораҳои қудратии Қирғизистон мегӯянд, гурӯҳи ҳамлавар мавқеъи марзбононро аз аслиҳаи мусалсал, пулемёт ва мушакандоз мавриди оташ қарор дод. Вокуниши ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба воқеъа ҳанӯз маълум нашудааст. Ва ҳамчунин дақиқ нест, ки оё ин оғози ҳамлаи тобистонии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аст ва ё бархӯрди тасодуфӣ.

XS
SM
MD
LG