Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ фармондеҳи оппозитсион Мансур Муааккалов кушта шуд



Холидаи Қодир

Хабаргузориҳо аз қавли дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов иттилоъ додаанд, ки шаби ҷумъа ба шанбе дар амалиёти ҳарбии нируҳои ҳукуматӣ дар дараи Ромит фармондеҳ Мансур Муааккалов кушта шуд.

Шаби ҷумъа ба шанбе дар амалиёти ҳарбии нируҳои ҳукуматӣ дар дараи Ромит фармондеҳ Мансур Муааккалов кушта шуд. Дар ин бора хабаргузориҳо аз қавли дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов иттилоъ додаанд. Ҷасади Муаакалови 28 сола ва се ҷанговари гурӯҳи вай субҳи шанбе ба пойтахт оварда шуд.

Нируҳои ҳукуматӣ амалиёти худро зидди гурӯҳҳои собиқ фармондеҳони оппозитсион Мансур Муаакалов ва Раҳмон Сангинов 22 июн шурӯъ карда буд. Ҳукумат ин дастаҳоро ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, одамрабоӣ, қочоқи маводи мухаддира ва ҳамли ғайриқонунии силоҳ гунаҳгор мекуанд. Танҳо дастаи Раҳмон Сангинов муттаҳам ба қариб 270 қатл дониста мешавад. Раҳмон Сангинов ҳанӯз дар озодӣ аст. Манобеъи Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли амалиёт дар дараи Ромит беш аз 40 аъзои ин гурӯҳҳо кушта ва ҳудуди 70 нафари онҳо боздошт гардидаанд. Аз нируҳои ҳукуматӣ низ чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG