Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аризаи номзадии Тоҷикистонро пазируфт



Хоҷаи Мирзода

Акнун гурӯҳҳои кории ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат сиёсати савдои хориҷии ин кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Рӯзи чоршанбе Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат еълон кард, ки аризаҳои номзадии Тоҷикистону Баҳамаро пазируфта, аз қабули дархости Ҷумҳурии Исломии Ирон худдорӣ меварзад. Акнун гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Баҳама ҳамроҳ бо кормандони Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат сиёсати савдои хориҷии ин кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат Кейт Роквел гуфт: Тибқи дастури созмон ҳар номзад дар ҳоле ба узвият қабул мешавад, ки 141 кишвари узв аз вуруди он пуштибонӣ намоянд. Дар сурати зарурат барои шомилшавӣ ба Созмон ҳар номзад бояд бо кишварҳои узв мувофиқати тиҷоратӣ ба имзо расонад ва ин раванд метавонад чанд сол идома ёбад. Муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Исроил Маҳмудов мегӯяд, ки аз соли 1995 ба ин тараф Тоҷикистон дар паи либерализация ва ё озод кардани тиҷорати хориҷӣ мебошад. Ба гуфти ин мансабдор узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат қадами навбатии Тоҷикистон дар роҳи пайвастан ба иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳад буд.

ИМА роҳ надод, ки музокирот барои узвияти Ирон оғоз ёбанд. Намояндаи ИМА дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат Линет Дейлӣ гуфт, ки феълан Вашингтон ҳозир нест ба баррассии аризаи Ҷумҳурии Исломӣ ризоят диҳад. Бори аввал Ирон дар соли 1996 барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ариза навишта буд. Он вақт ИМА иҷозат надод, ки ин масъала дар рӯйхати Ҷаласа сабт гардад. Коршиносон мегӯянд, ки ин дафъа, еҳтимол бо таъсири ширкатҳои нефт дар маъмурияти президент Буш, мавқеи ИМА каме нармтар ба назар мерасад. Аксари кишварҳои Ғарбӣ бо Ирон тиҷорати маъмулӣ барқарор кардаанд, аммо Вашингтон Иронро дар рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризми байналмилалӣ шомил намуда, таҳрими ин кишҳарро нигаҳ доштааст. Панҷуми август мӯҳлати таҳрим бар зидди Ирону Либия ба охир мерасад ва феълан Конгресси ИМА тамдиди таҳримҳоро баҳс дорад.

Тақрибан 30 кишвар ва дар байни онҳо Чин, Русия, Арабистон Саудӣ, Украина ва Ветнам мунтазири вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG