Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти оилаҳои қурбониёни террор чӣ хоҳад шуд?



Соҷидаи Мирзо

Оё давлат дар баробари онҳо чӣ масъулиятеро қабул кардааст ва оё баъд аз қатли ходимони ҷомиа, ҳукумат оилаҳои онҳоро фаромуш намекунад?

Қатли ин ё он шахсияти маъруфи Тоҷикистон ва ходимони давлативу низомӣ ки дар амалҳои террористӣ кушта мешаванд, барои матбуот ва аксар шаҳрвандон, бинандагону шунавондагони Садову Симо танҳо як хабар аст. Хабаре, ки инсонҳоро як лаҳза такон медиҳад, онҳоро бори дигар ба набуди ҳатто амнияти мақомоти кишвар мутмаъин мекунад, аммо баъдан дар байни мавзуъҳои муҳимтар ва матраҳи зиндагӣ гум мешавад. Ҷомеъаи Тоҷикистон ба маргу мир ва қатлу террор одат кардааст. Руйхати ашхосе маъруф, ки қурбони ин ё он гуруҳи террористӣ қарор мегиранд, сол то сол афзоиш меёбад. Ин руйхат, ки бо номи собиқ раиси Шурои Олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов, собиқ раиси вилояти Кулоб Ҷиёнхон Ризоев, собиқ муовини раиси парламент Моёншо Назаршоев, олимон Юсуфхон Исҳоқӣ ва Минхоҷ Ғуломов, рузноманигорон Муҳиддини Олимпур, Отахон Латифӣ ва Давлаталӣ Раҳмоналиев, намояндагони мухолифин дар мақомоти давлатӣ Ҳабиб Сангинов ва Собирҷон Бегиҷонов оғоз мешуд, акнун як қурбонии тоза, мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Карим Юлдошевро низ дар бар гирифт.

Дар ҳама ҳолатҳо ҳеҷ бор дар бораи хатми тафтишот ва ошкор шудани ҷинояткорон ва ё муҷозоти онҳо гузорише пахш нашудааст. Ва бо итминон метавон гуфт, ки куштори Юлдошев низ ба рози сар ба муҳр табдил хоҳад ёфт. Тавре мақоли русӣ мегуяд, бо аз байн рафтани инсон проблемаи у низ аз байн меравад. Баробари вуқуъи амалиёти навбатии террористӣ сару садо дар атрофи куштори қаблӣ дар ҳама сатҳ хомуш мешавад. Магар дар хонаводаҳои онҳо, ки то дер аз ҳоли шок берун шуда наметавонанд. Пурсише ба миён меояд, ки оё сарнавишти оилаҳои кушташудагон, онҳое, ки дар майдони сиёсат ва ҷомеъа ҷойгоҳи хос доштанд, чӣ хоҳад шуд? Оё давлат дар баробари онҳо чӣ масъулиятеро қабул кардааст ва оё хисороти ҷонии як фард аз ҷониби ҳукумат, ки масъули таъмини амнияти шаҳрвандон аст, чӣ гуна ҷуброн мешавад.

Зебуниссо Афардӣ, ҳамсари Сайф Раҳимзод собиқ раиси Садову Симои Тоҷикистон буд, ки як сол пеш аз дасти гуруҳи ношинос дар назди хонааш ба қатл расид мегуяд, азбаски ҳамсараш ордену медал ва унвонҳои давлатӣ надошт, оилаи у аз гирифтани нафақаи давлатӣ барои духтари донишҷуяш маҳрум шуд. Нафақае, ки ҳоло фарзанди Сайфи Раҳимзод мегирад, баъди як сол, баробари хатми донишгоҳ ба поён мерасад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии оилаҳое, ки бесаробон мемонанд ба маоши онҳо бастагӣ дорад, Аммо азбаски маош дар Тоҷикистон зиёд нест, кумаки иҷтимоӣ низ чандон зиёд нахоҳад шуд. Ба маълумоти корманди масъули Вазорати Иҷтимоии Тоҷикистон Саидғуфрон Абдуллоев ба оилаи ходимони давлатӣ, ки дар ҳодисоти террористӣ кушта мешаванд ва ё ба иллати дигар аз дунё чашм мепушанд, дар асоси қарори президенти Тоҷикистон аз моҳи марти соли 1994, 10 12 маоши ҳамин корманд пардохта мешавад. Агар марҳум фарзандони ноболиғ дошта бошад ҳар яки онҳо 30 дар сади маоши падарро ҳамчун нафақа мегиранд. Агар ҳамаи фарзандон болиғ ва қобили меҳнат бошанд, 70 дар сади маош ба сифати нафақаи моҳона ба аҳли оила супурда мешавад. Маоши ходимони давлатӣ дар Тоҷикистон 30-45 сомонӣ ва моши ҳадди ақал 3 сомониро дар бар мегирад. Ба ин тартиб оилаҳои ходимони давлатӣ, ки дар амалиёти террористӣ кушта мешаванд, аз кормандони дигари давлатӣ, ки ба иллатҳои дигар аз дунё мегузаранд, тафовут надорад. Оилаи онҳо баъди марги саробони худ дар маҷмуъ як бор 540 сомонӣ, баробар ба 200 доллари амрикои мегиранд. Ва баъди таъини нафақа барои оилаи бесаробон бояд моҳе тақрибан 25 30 сомонӣ дода шавад, ки тақрибан ба 12 доллари амрикоӣ баробар аст. Аммо барои таъини нафақаи давлатӣ унвону ордену медалҳо зарур аст, ки аксар кушташудагон онҳоро надоштанд. Ва акнун дар баробари шарвандони оддӣ нафақаи маъмулӣ мегиранд.

Маҳбуба Ғуломова, ҳамсари Минхоҷ Ғуломов руҳшиноси тоҷик, ки соли 1995 дар рузи рушан ҳамроҳ бо ректори донишгоҳи тиббӣ Исҳоқӣ ба қатл расид мегуяд, оилаи у низ аз нафақаи давлатӣ, ки онро персоналӣ низ мегуянд, бархурдор нест. Хизмати Минхоҷ Ғуломови олим низ, ки акнун оилааш бо талошҳои худӣ китобашро аз чоп мебароранд, барои гирифани нафақаи олӣ кифоят накард. Маҳбуба Ғуломова мегуяд набудани шавҳарашро аз ҳама чиҳат эҳсос мекунад: ҳам аз ҷиҳати маънавӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва аз ҷиҳати равонӣ.

Мисолҳои рушани бе таъминоти молӣ ва пуштибонии ҳукумат боқӣ мондани оилаҳои кушташудагон ва ё ёрии ночизи ҳукумат ба онҳо ходимони дигари давлатиро дар сатҳҳои мухталиф ба он матмуъин мекунад, ки имкони кушта шудан дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад ва беҳтар аст, агар ояндаи фарзандонро қабл аз фарҷоми фоҷеъавӣ таъмин кунанд. Ин аст, ки онҳо бо роҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ, ба истилоҳ ояндаи бачаҳои худро таъмин мекунанд. То баъди марги падар фарзандон дасткутоҳ нашаванд. Мутаассифона таҷрибаи қадр намудани хизмати инсон, ки барои беҳбудии ҷомеъа заҳмат кашидааст, намунаҳои таваҷҷуҳ ба оилаҳои бесаробон мондаи онҳо дар Тоҷикистон истифода намешавад.

Маъруфияти шахс дар Тоҷикистон, хизматҳои у дар назди ҷомеъа баъди ҷисман аз байн рафтан, дар зиндагии дируза мемонад. Зиндагии душвори имруза олуда ба фаромушист. Аз вазъи фелии Тоҷикистон метавон рамуз бардошт, ки тамоми нигаронии сокинони Тоҷикистон аз қатли навбатии як шахсяит бо як оҳи сард ва масъулияти мақомот дар баробари аъзои собиқи ҳукумат бо ташкили як камиссиюни пажуҳиши, як ҷаласаи изтирорӣ ва ё як маросими дафну зикри хайри марҳум анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG