Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнести Интернешенел: 2 тоҷик зери хатари иҷрои ҳукми қатл



Созмони Афви Байналмилал

Созмони Афви Байналмилал: Додгоҳ Довуд ва Шералӣ Назриевро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони раиси шаҳри Душанбе маҳкум ба қатл намуд. Аммо тибқи баъзе гузоришҳо онҳо аслан гуноҳе надоранд ва дар натиҷаи муҳокимаи ноодилона ҷазо гирифтанд.

Довуд Назриеви 33 сола ва бародари ӯ Шералии 35 сола дар моҳи маи соли равон ҳукми қатл гирифтанд ва агар президенти Тоҷикистон Емомалӣ Раҳмонов бародаронро афв накунад, ҳукми онҳоро метавонанд ҳар лаҳза иҷро намоянд. Додгоҳ Довуд ва Шералӣ Назриевро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони раиси шаҳри Душанбе маҳкум намуд. Аммо тибқи баъзе гузоришҳо онҳо аслан гуноҳе надоранд ва дар натиҷаи муҳокимаи ноодилона ҷазо гирифтанд.

16 феврали соли 2000 бар асари таркиши бомб дар мошини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷароҳат бардошта, ҳамсафари ӯ муовини вазири амнияти Тоҷикистон Шамсулло Ҷобиров ба ҳалокат расид.

Созмони "Амнести Интернешенел" (Афви Байналмилал) бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ навиштааст, ки оиди бомбгузорӣ гузоришҳои мухталиф интишор гаштаанд. Тибқи иттилои баъзеҳо сӯиқасд ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев ё аз тарафи рақибони сиёсӣ амалӣ гардид ва ё хешу наздикони ашхоси аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев азият кашида, ба ин иқдом даст заданд. Ҳамин манбаъҳо гуфтаанд, ки Шамсулло Ҷобиров ҳадафи ҳуҷум набуд. Довуд ва Шералӣ Назриев 11 маи соли 2001 аз тарафи Ҳайати Низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми еъдом гирифтанд. "Амнести Интернешенел" аз нақли ҳамсари Довуд овардааст, ки баъди еълони ҳукм Довуд гуфт: "Мо ҳеҷ гуноҳ надорем. Беҳтар аст, ки шахс худкушӣ кунаду нагзорад, ки Шумо ӯро ба мисли чорво сар занед." Гуфта мешавад, ки бародарон 14 май аз президенти Тоҷикистон дархости афв намуданд, вале то ҳанӯз ҷавобе нагирифтаанд.

Яке аз вакилони мудофиаи бародарони маҳкум ба созмони "Амнести Интернешенел" хабар дод, ки муҳокима ноодилона ва якҷониба буд. 15 июл дар зодгоҳи Довуд ва Шералӣ Назриев: ноҳия Ванҷ гирдиҳамоии еътирозӣ доир шуд ва ҳозирин талаб карданд, ки бародарони бегуноҳ озод гарданд.

Дар сӯҳбат бо "Амнести Интернешенел" рӯзноманигори муҳоҷири тоҷик Додоҷони Атовуллоҳ гуфт, ки ҳангоми тафтиши ҳодисаҳои мавриди таваҷҷӯҳи омма ба мисли қазияи сӯиқасд ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев мақомот ҳатман касеро ҳабс мекунанд, то нишон диҳанд, ки кори онҳо самаранок аст. Ба фикри Додоҷони Атовуллоҳ Довуд ва Шералӣ Назриев ҳеҷ ҷурме содир накардаанд, аммо раиси шаҳри Душанбе чунон қудратманд аст, ки ягон вакил ҷуъати мухолифат ба ӯро надорад.

"Амнести Интернешенел" аз нақли шоҳидон овардааст, ки дар ҷисми Довуд ва Шералӣ Назриев осори зӯроварӣ ба назар мерасид. Бар пояи қонунҳои Тоҷикистон понздаҳ намуди ҷиноят муҷозоти еъдом мегирад. Сар аз соли 2001 дар Тоҷикистон камаш 24 нафар ҳукми еъдом гирифтаанд. Аммо рақами дақиқи ҳукмҳо маълум нест, зеро сирри ҳукуматӣ ба ҳисоб меравад.

Хешу наздикони маҳкумшудагон намедонанд, ки наздикони онҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд ё не?

Инчунин мӯҳлати еъдом ва макони дафни маҳкумшудагон аз хешу наздикон пинҳон мебошад. "Амнести Интернешенел" бо ишора ба узвияти Тоҷикистон дар САҲА навиштааст, ки ҳар узви ин созмон бояд маълумот оиди ҳукмҳои еъдомро ошкор кунад. Созмони "Амнести Интернешенел" тақозо мекунад, ки барои ҷорӣ намудани мораториуми иҷрои ҳукмҳои еъдом дар Тоҷикистон ба унвони президент ва мақомоти марбутаи ин кишвар номаҳо ирсол шаванд.

XS
SM
MD
LG