Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷиргатол ҷасадҳои ду нафар, ки яке аз онҳо эҳтимолан шаҳрванди Швейцария мебошад, ёфт шудаанд



Хоҷаи Мирзода

Ҷасадҳоро ходимони милисаи маҳаллӣ пайдо карданд ва таъйид намуданд, ки дар ҷисми кушташудагон осори зӯроварӣ ба чашм мехӯрд.

Дар ноҳияи Ҷиргатол, воқеъ дар 240 километрии шимолу шарқи пойтахти Тоҷикистон даҳ рӯз пеш ҷасадҳои ду нафар, ки яке аз онҳо эҳтимолан шаҳрванди Швейцария мебошад, ёфт шудаанд. Хабаргузории Азия Плюс бо такя ба маълумот аз Шӯрои Амнияти Тоҷикистон овардааст, ки ҷасадҳоро ходимони милисаи маҳаллӣ пайдо карданд ва таъйид намуданд, ки дар ҷисми кушташудагон осори зӯроварӣ ба чашм мехӯрд. Муовини сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ба Азия Плюс гуфт, ки шояд яке аз кушташудагон шаҳрванди Швейцария бошад. Тибқи иттилои манобеи дигар дар китобчаи ёддошти яке аз кушташудагон бо забони фаронсавӣ номи ӯ: Мангие Дидие Ерик Оливер сабт шуда буд. Манбаъҳои ғайрирасмӣ хабар доданд, ки қурбониҳо аз қаламрави Қирғизистон барои харидани сангҳои қимматбаҳо ба Тоҷикистон омада буданд. Ба гуфти дигарон қурбониҳо аз аҳолии маҳаллӣ роҳро ба сӯи қуллаи Исмоили Сомонӣ пурсон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG