Пайвандҳои дастрасӣ

Се ҳафта аст, ки камбуди об дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар мушоҳида мешавад



Константин Паршин (ЕвразияНет)

Мақомот то ҳанӯз сабаби таъмини номуназзами обро шарҳ надодаанд ва ҳеҷ шаҳодате ба назар намерасад, ки масъала ба ин зудиҳо ҳал хоҳад шуд.

Инак се ҳафта аст, ки камбуди об дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар мушоҳида мешавад. Мақомот то ҳанӯз сабаби таъмини номуназзами обро шарҳ надодаанд ва ҳеҷ шаҳодате ба назар намерасад, ки масъала ба ин зудиҳо ҳал хоҳад шуд . Дуюми июл мақомоти пойтахти Тоҷикистон хабар доданд, ки таъмини об барои панҷ рӯз қатъ мешавад, зеро таҷҳизоти обкашӣ ба тармими таъҷилӣ ниёз дорад. Мансабдори муассисаи "Водоканал", ки масъулияти назорати шабакаи таъмини оби пойтахти Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, таъкид кард, ки садамаҳои пай дар пай боиси қатъи таъмини об ва шурӯи тармими фаврӣ гардид. Ин мансабдор илова кард, ки рег ва таҳшинҳо доимо аз ҳавзҳои об берун карда мешаванд ва тамоми захираҳои инсониву техникии "Водоканал" ба рафъи норасоиҳои шабакаи таъмини об равона мебошанд.

Феълан дар баъзе бахшҳои шаҳри Душанбе гоҳу ногоҳ об пайдо мешавад, вале касе аз мансабдорон намегӯяд, ки кай тармиму таъмир ба анҷом хоҳад расид. Воситаҳои ахбори умуми зери контроли ҳукумат дар бораи мушкили об чизе намегӯянд. Баъзеҳо аз ҷӯйҳои нопоки назди хона об мегиранд. Дигарон сатилҳо дар даст аз дарёи Душанбе об захира мекунанд.

Дар ҳоле аксари сокинони шаҳри Душанбе аз беобӣ азият мекашад, сармоядорони маҳаллӣ обкаш ва ё насосҳои барқӣ харида, обу барқро бебаркаш истифода мебаранд. Касе гуфта наметавонад, ки онҳо чӣ миқдор обу нерӯи барқро зоеъ менамоянд.

Фақат таъмири механикии шабакаи таъмини об тамоми мушкилиҳоро аз байн бурда наметавонад. Бар замми хушксолӣ мақомоти марбута барои тасфияи оби нӯшокӣ миқдори кофии хлори моеъ дастрас намекунанд.

Тобистони имсолаи Тоҷикистон фавқулодда гарм мебошад. Ҳамзамон хушкии ду соли ахир, ки ҳосили кишоварзии ҷумҳуриро коҳиш дод, боиси камхӯрокии мардуми зиёд гардидааст. Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ ва Федерацияи Байналмилалии Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ҳушдор медиҳанд, ки мардуми мувоҷеҳ бо камхӯрокӣ дар муқобили ангезандаҳои бемориҳои сироятии аз об маншаъ гиранда заъф хоҳанд кашид.

Вазъи ногувори шабакаи таъмини обро чор сол пеш Маркази Назорати Бемориҳои ИМА кашф карда буд. Назар ба хулосаи ин ниҳод дар баъзе нуқтаҳо хатти тамъини оби нӯшокӣ бо хатти партовҳо ва ё канализацияи пойтахти Тоҷикистон омехта шуда буд. Аз соли 1997 замони нашри ин гузориш беш аз 50 ҳазор сокини Тоҷикистон бемории доманаро аз сар гузаронидаанд. Дар Шаҳритус барин ноҳияҳо бошад, мардум аслан аз нӯшидани оби пок маҳрум ҳастанд. Вазъият аз он сабаб ногувортар мешавад, ки табибони маҳаллӣ аз ҷазои ҳукумат тарсида, дар бораи сирояти бемориҳо маълумоти дурусту саривақтӣ намедиҳанд.

Тоҷикистон беш аз нисфи Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунад. Агар масъалаи таъмини оби худи ин ҷумҳурӣ ҳал нашавад, таъсири он ба зудӣ дар сатҳи минтақа еҳсос хоҳад шуд.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG