Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав зани муҳоҷири тоҷик кудаки амрикоиро наҷот дод



Хоҷаи Мирзода

Ду шабу ду рӯз кӯдаки панҷсола, ки ҳарфе ба забони русӣ зада наметавонад, дар маркази Маскав бе ному нишон буд, аммо ба шарофати гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки кӯдаки амрикоиро тоҷик пиндоштаанд, ӯ ҳам ҷои хоб дошт ва ҳам хӯрок.

Сокини шаҳри Канзаси ИМА Ҷошуа ба ҷустуҷӯи модари худ баромад, вале баъди чанде тамоми Маскав ӯро ҷустуҷӯ дошт. Ду шабу ду рӯз кӯдаки панҷсола, ки ҳарфе ба забони русӣ зада наметавонад, дар маркази Маскав бе ному нишон буд, аммо ба шарофати гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки кӯдаки амрикоиро тоҷик пиндоштаанд, ӯ ҳам ҷои хоб дошт ва ҳам хӯрок. Ҷошуа ҳамроҳ бо модараш Ҷоан Дайф як моҳ пеш ба Маскав ба зиёрати холааш, донишҷӯи Донишгоҳи Роҳи Оҳани Маскав омадааст. Холаи Ҷошуа Фей Лю шаҳрванди Чин буда, дар яке аз хобгоҳҳои донишҷӯён, воқеъ дар шимоли Маскав иқомат дорад. Ду ҳафта пеш хоҳарон барои харид ба шаҳр баромада, Ҷошуаро дар хона монданд. Онҳо пас аз чил дақиқа баргаштанд, вале аз кӯдак хабаре набуд. Дар ин миён Ҷошуа оҳиста-оҳиста аз зинаҳо фаромада, ба истгоҳи метрои Свиблово равон шуд.

Модар баъди кофтукови ноком бо доду фиғон ба милиса муроҷиат кард. Эълонҳо оиди гум шудани кӯдаки панҷсолаи амрикоӣ дар рӯзномаҳо ва радиоҳои маҳаллӣ садо доданд. Вақт мегузашт ва модар: Ҷоан Дайфи 26 сола, донишҷӯи Донишгоҳи Вичитаи ИМА бештару бештар ғамгин мешуд, зеро имкони наҷоти кӯдак дар шаҳри азими бегона ҳар лаҳза коҳиш меёфт.

Аммо саргузашти Ҷошуа ҷои ғам надорад. Як зани муҳоҷири тоҷик кӯдаки хоболудро аз истгоҳи метро гирифта, ба хона бурд ва ӯро бо хӯроку ҷои хоб таъмин кард. Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон Ҷошуа гуфт, ки зан пир набуд ва хонааш саросар қолинфарш шуда буд.

Падари Ҷошуа амрикоии арабиуйасл мебошад. Вақте зани тоҷик мебинад, ки кӯдаки сарсиёҳ забони русиро намефаҳмад, тахмин мекунад, ки Ҷошуа фарзанди кадом яке аз муҳоҷирони тоҷик аст ва ӯро ба хона мебарад. Рӯзи дигар ин зани тоҷик кӯдакро ба ҷои ҷамъомади муҳоҷирони тоҷик ба истгоҳи метрои Киевская мебарад. Кӯшишҳои муҳоҷирони тоҷик барои сӯҳбат бо кӯдак бе натиҷа ба анҷом мерасанду, бегоҳии рӯзи дуюм онҳо Ҷошуаро ба қароргоҳи милисаи минтақаи Очаково Матвеевскийи Маскав интиқол медиҳанд. Баъд зане ба модари Ҷошуа: Дайф мерасонад, ки тибқи еълони радио кӯдаке ёфт шудааст, ки ба забони барои ҳама номаълум сӯҳбат мекунад. Аввалин суханоне, ки пас аз ду рӯзи фироқ Ҷошуа ба забон овард: "Модар ман шуморо зиёд ҷустуҷӯ кардам." Шояд модари Ҷошуа пас аз муддате ин ҳодисаро, ки анҷоми нек дошт, фаромӯш кунад. Аммо бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷошуа меҳмоннавозии тоҷиконро то дер замон дар ёд хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG