Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду шӯришгари дастаҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро ба ҳалокат расиданд



Саидқосими Қиёмпур

Ба гуфти мақомоти кишвар то ҳол беш аз 50 нафар ба қатл расид ва гурӯҳи иборат аз тахминан сӣ силоҳбадаст дар кӯҳҳои минтақа пинҳон шудааст. Макони будубоши фармондеҳон Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов маълум нест.



Рӯзи якшанбе ходимони Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон ба мухбири Франс-Пресс иттилоъ доданд, ки неруҳои ҳукуматӣ боз ду шӯришгари дастаҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро ба ҳалокат расониданд. Амалиёти ҳукумати Тоҷикистон бар зидди дастаҳои ёдшуда тахминан се ҳафта пеш оғоз ёфта буд. Ба гуфти мақомоти кишвар то ҳол беш аз 50 нафар ба қатл расид ва гурӯҳи иборат аз тахминан сӣ силоҳбадаст дар кӯҳҳои минтақа пинҳон шудааст. Макони будубоши фармондеҳон Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов маълум нест.

Мансабдорони тоҷик мегӯянд, ки бархӯрди ахир дар деҳаи Дара, воқеъ дар 35 километрии шимолу шарқи пойтахти Тоҷикистон ба амал омад. Амалиёти ҳукумат бар зидди дастаҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов 22 июн дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Ленини ҳаммарз бо шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд. Он замон Раҳмон Сангинов гурӯҳи афсарони милисаро ба гарав гирифта, аз ҳукумат талаб мекард, ки размандагони собиқи мухолифин аз маҳбасҳо озод гарданд. Ходимон милиса аз гарав раҳо шуданд ва ҳукумат амалиёти маҳви дастаҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро шурӯъ намуд. Зери фишори неруҳои ҳукуматӣ силоҳбадастон ақибнишинӣ карданд. Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон аз шурӯи амалиёт то кунун 45 шӯришгар ба қатл расид. Хабаргузории Интерфакс таъкид мекунад, ки дар ин амалиёт ҳукумати Тоҷикистон аз се ҳазор сарбозу афсар истифода мебарад ва то ҳол аз тарафи неруҳои ҳукуматӣ нӯҳ нафар кушта шудааст. Рӯзи якшанбе мансабдорони Тоҷикистон бори дигар изҳор намуданд, ки силоҳбадастон бо 270 куштор, гаравгонгирӣ ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам мебошанд.

XS
SM
MD
LG