Пайвандҳои дастрасӣ

Додоҷони Атовулло аз маҳбаси Маскав озод шуд ва ба Олмон рафт



Саидқосими Қиёмпур

Сардабири рӯзномаи "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовуллоҳ дар роҳи Олмон-Узбакистон бо хоҳиши ҳукумати Тоҷикистон доир ба боздошт ва экстрадитсия дар Маскав ҳабс шуда буд. Рӯзи чоршанбе Додситонии Руссия хоҳиши Тоҷикистонро рад намуда ба Атовуллоҳ иҷозаи сафар ба Олмонро дод.

Сардабири рӯзномаи "Чароғи Рӯз" Додоҷони Атовуллоҳ дар роҳи Олмон-Узбакистон бо хоҳиши ҳукумати Тоҷикистон доир ба боздошт ва экстрадитсия дар Маскав ҳабс шуда буд. Рӯзи чоршанбе Додситонии Руссия хоҳиши Тоҷикистонро рад намуда ба Атовуллоҳ иҷозаи сафар ба Олмонро дод. Рӯзноманигори дигарандеши тоҷик, ки бо мақолаҳои танқидии худ ғазаби ҳукуматдорони Тоҷикистонро барангихтааст, баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Маскав зиндагӣ мекард, аммо чанд моҳ пеш барои иқомати яксола ба Олмон рафт. Ҳукумати Олмон ва соэмонҳои байналхалқӣ аз ҳукумати Руссия хоста буданд, ки Атовуллоҳро ба ҳукумати Тоҷикистон таслим накунад, зеро ӯ мумкинаст дар робита бо мақолаҳои худ лар Тоҷикистон ба ҳабс, шиканҷа ва ҳатто қатл дучор шавад.

XS
SM
MD
LG