Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон аз Русия тақозо кард, ки Додоҷони Атовулло, журналисти мустақили тоҷикро аз боздошт раҳо кунад



Холидаи Қодир

Вазири корҳои хориҷии Олмон Йошка Фишер дар изҳороташ навиштааст, ки дар Тоҷикистон Додоҷони Атовулло ба хатари марг рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи интиқоли хабарнигор ба Душанбе сабабҳои сиёсӣ дорад.

Вазири корҳои хориҷии Олмон Йошка Фишер дар изҳороташ навиштааст, ки дар Тоҷикистон Додоҷони Атовулло ба хатари марг рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи интиқоли хабарнигор ба Душанбе сабабҳои сиёсӣ дорад. Боздошти Додоҷони Атовулло ва эҳтимоли интиқоли ӯ ба Тоҷикистон мавриди нигаронии Созмони Авфи Байналмилал низ мебошад. Ин созмон бо пахши изҳороте зери номи "Хавфи интиқоли бо зӯр, шиканҷа ва муҳокимаи ноодилона", навиштааст, ки агар Додоҷон ба Тоҷикистон таслим карда шавад, вай ба хатари бузурги шиканҷа мувоҷеҳ мешавад. Корманди Авфи Байналмилал Анна Сандер-Плассман дар мусоҳиба ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, кормандони адлияи Тоҷикистон боздоштшудагонро аз ҳуқуқҳои аввлияашон, аз қабили интихоби вакили дифоъ маҳрум мекунанд. Гузашта аз ин, сохтори адлияи ин ҷумҳурӣ ҳамеша зери фишори сиёсии ҳукуматдорон аст, ки ин мустақилияти адлияро аз байн мебарад. Анна Сандер-Плассман афзуд: Мо аз мақомоти Русия тақозо кардаем, ки Атовуллоро ба мақомоти тоҷик интиқол надиҳанд, зеро дар он ҷо ӯ мавриди шиканҷа гардида ва ба маҳкамаи одилона дастрасӣ нахоҳад дошт. Вакили дифоъи Д. Атовулло Андрей Рахмилович ба Радиои Озодӣ гуфт: "хатари таслими хабарнигор ба Душанбе зиёд аст, вале маълум нест, ки чанд дар сад". Ҳоло вакил талош дорад, ки бо Додоҷон мулоқот кунад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар мавриди боздошти Додоҷони Атовулло ва ё тақозои таслими вай ба Тоҷикистон шарҳе надодаанд.

XS
SM
MD
LG