Пайвандҳои дастрасӣ

Додоҷони Атовулло дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд



Соҷидаи Мирзо

Нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз онаст, ки мақомоти Руссия бо талаби Душанбе Додоҷони Атовуллоро ба ҳукумати Тоҷикистон таслим кунанд.

Шаби 5 июл Вазорати Дохилии Руссия рузноманигори мустақили тоҷик Додоҷони Атовуллоро дар фурудгоҳи Шереметево боздошт кард. Гуфта мешавад, Додоҷон аз Берлин баргашта дар роҳ ба суи Узбакистон қарор дошт.

Додҷон Атовулло, сардабири нашрияи Чароғи Руз аст, ки баъди шуруъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Маскав чоп мешуд ва ҳукумату ахиран оппозитсиюни союбиқро пайваста интиқод мекард. Дар ҷараёни низоъи шаҳрвандӣ алайҳи у парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми барангехтани низоъ кушода шуд, вале ин парванда баъди имзои созиши сулҳ, дар асоси протоколи сиёсӣ қатъ гардид. Соли 1999 баъди ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев ба қисмати шимоли Тоҷикистон Чароғи Руз суҳбатҳоеро бо Маҳмуд Худоебердиев ва Ёқуб Салимов анҷом дод, ки барои дубора фаъол намудани парвандаи у бо иттиҳоми даъват ба низоъ асос гардиданд. Чанде пеш Додоҷон Атовулло ба иллати набуди амният дар Руссия ба Олмон кучид ва саҳифаеро дар Интернет бо номи Чароғи Руз боз намуд. Дар шумораи нахустини вебсайти Чароғи Руз гузоришҳо шомили иттиҳом дар мавриди рабти мақомоти кишвар, аз ҷумла мири пойтахт ва раиси палатаи болоии парламент Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қочоқи маводи мухаддир дарҷ гардиданд.

Корманди масъули раёсати умури дохилии шаҳри Маскав Элена Новак боздошти журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро тасдиқ кард ва гуфт, ки ниҳоди онҳо ба сиёсат сару кор надорад ва иқдоми боздоштро дар асоси қарордоди байнидавлатӣ, тақозои ҷониби Тоҷикистон ва санадҳое ба роҳ монд, ки тибқи онҳо журналист ба таҳқири президент, даъват ба сарнагун сохтани сохти Конститутсионӣ ва барангехтани низоъ муттаҳам шудааст. Елена Новак афзуд ин иттиҳоми ҷиддӣ аст ва барои боздошт асос медиҳад. Ба гуфтаи у Вазорати Умури Дохила вазифаи худро дар ин самт иҷро кард ва акнун салоҳияти додситонӣ аст, ки журналистро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад ё не.

Ҳодисаи боздошти Додҷони Атовулло дар пойтахти Руссия журналистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсонро нигарон кард. Ин нигаронӣ дар ҳолест, ки намондагони матбуоти Руссия дар риоияи меъёрҳои демократӣ ва эҳтироми озодии баён ба ҳукумати кишвари худ эътимод надоранд. Бо вуҷуди он ки Додоҷони Атовулло як рузноманигори мустақил аст ва ҷиноятеро аз қабили куштор ва ё ғорат содир накардааст, журналистони рус эҳтимоли экстрадитсия ва ё ба Тоҷикистон боз додани уро соқит намекунанд.

Додситонии Тоҷикистон мавҷудияти парвандаи ҷиноӣ алайҳи Додоҷони Атовуллоро на таъид кард ва на такзиб. Намояндагони додситонӣ мегуянд, ки дар робита ба боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Руссия ҳеҷ иттилоъ надоранд. Вале дар суҳбатҳои бидуни микрафон гуфтанд, ки алайҳи журналист парвандае бо иттиҳоми даъват ба сарнагусозии сохти конститутсионӣ вуҷуд дорад. Аммо афзуданд то тасдиқи расмии боздошти журналист аз ҷониби Руссия дастрас нашавад, онҳо асоси тақозои боздоштро ошкор нахоҳанд кард.

Иттифоқи Журналистони Руссия бо пахши як изҳорот ба ин иқдоми Вазорати Дохилии Руссия эътироз намуд ва гуфт, ин амал таъқиби як ҷинояткоре нест, ки мақомоти Тоҷикистон уро ҷустуҷу доранд, балки боздошти сардабири як рузномаи оппозитсиюнӣ аст. Изҳорот меафзояд омодагӣ ба департатсияи журналист салоҳиятест, ки танҳо додгоҳ дорад ва амали хилофи он қонунҳои мавҷудаи Руссия ва меъёрҳои байналмилалиро поймол намуда Руссияро беобуру мекунад.

XS
SM
MD
LG