Пайвандҳои дастрасӣ

Рудакӣ Самадов дар маркази Душанбе ба қатл расид



Мирзои Салимпур

Субҳи 4 июл, гуруҳи ношиносе раиси Анҷумани Фарҳангии "Маздо Ясно," коргардони шинохтаи тоҷик Рудакӣ Самадовро дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба қатл расонд.

Субҳи 4 июл, гуруҳи ношиносе раиси Анҷумани Фарҳангии "Маздо Ясно," коргардони шинохтаи тоҷик Рудакӣ Самадовро дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба қатл расонд. Дар бораи қотилон, маншаи ин ҷиноят ва шоҳидони ҳодиса иттилоъе мавҷуд нест. Дар Вазорати Дохилии кишвар ҳодисаи кушторро тасдиқ карданд, аммо ҷузъиёт надоданд. Рудакӣ Самадов, яке аз тарғибгарони таълимоти Зардушт ва ҷонибдорони эҳёи фарҳанги ориёӣ буд ва эҷодиёти солҳои ахири у дар соҳаи синамо ва театру нашри китобҳо асосан ба Зардушт рабт дошт.





XS
SM
MD
LG