Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти зидди гурӯҳҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов идома дорад



Тоҳири Сафар

Мақомоти раҳбарии Тоҷикистон фармон додаанд, ки амалиёти мазкур то 10-уми июли соли равон ба поён расонида шавад. Вале дастандаркорони масъала мегӯянд, ин барнома бо боздошти сарони гурӯҳҳои мусаллаҳ ба анҷом хоҳад расид ва аз ин рӯ пешгӯӣ кардани таърихи иҷрои он душвор аст.

Ба маълумоти муовини Дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Нуралишоҳ Назаров амалиёти нирӯҳои давлат ба муқобили мусаллаҳони гурӯҳҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов идома дорад ва мақомоти раҳбарии кишвар амр кардаанд, ки ин амалиёт то 10-уми июли соли равон ба поён расонида шавад, вале ӯ афзуд, иҷрои нақша танҳо бо боздошти сарони гурӯҳҳои мазкур имконпазир хоҳад буд ва ин боздоштро ҳоло пешгӯӣ кардан душвор аст. Дар роҳи иҷрои ин нақша як ниҳоди байниидоравӣ ташкил ёфта, ноиби сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ҳамоҳангсози фаъолияти ин ниҳод таъин шудааст. Роҷеъ ба вазъият дар минтақаи даргирӣ маълумоти расмӣ нашр намешавад ва сафари хабарнигорон ба он минтақа номумкин аст. Аммо аҳолии маҳаллӣ аз идомаи даргириҳо иттилоъ дода, меафзояд бо гумони узвият дар ин гурӯҳҳо ва ё ҳамдастӣ ба онҳо боздошти ҷавонони ин мавзеъҳо ба маротиб афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG