Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Гармои фавқулодда



Салими Аюбзод

Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон дар охирин рӯзҳои моҳи июн то ба 50 дараҷаи селсиус баробар шуд. Дар баъзе манотиқ ин ҳарорат бо Боди афғонӣ ва гармсерҳо ҳамроҳ гашта, ба вазъи сиҳатии одамони солхӯрда ва бемор таъсири амиқ расонд.



Ду рӯзи охири моҳи июн ва аввали июл тасфи ҳаво дар Тоҷикистон ба дараҷаи рекордӣ расид. Хабаргузории ФрансПресс гуфт, рӯзи 30-юми июн ҳарорати ҳаво дар кишвар ба 47 дараҷаи селсиус баробар гашт. Дар баъзе манотиқ ин ҳарорат то 50 дараҷа низ расидааст. Дар 70 соли охир ин баландтарин нуқтаи тасфи ҳаво дар Тоҷикистон мебошад. Дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳарорати ҳаво тибқи маълумоти шаҳрвандон аз 48 дараҷа гузаштааст. Чанд нафар дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа, ки мо бо онҳо телефонӣ ҳамсӯҳбат шудем, гуфтанд, ҳарорати баланд рӯзи якшанбе бо боди афғонӣ ва гармсерҳо ҳамроҳ буд ва ба вазъи саломатии одамони солхӯрда ва бемор таъсири амиқ дошт. Як ҳамсӯҳбати мо, ки рӯзи шанбе ба навоҳии минтақаи Кӯлоб сафар кардааст, гуфт, дар тӯли роҳ кишоварзон аз сӯхтори ҷангалҳои писта ва нобуд шудани кишти ғалла иттилоъ дода, аз эҳтимоли шиддат гирифтани хушксол изҳори ташвиш кардаанд. Тибқи хабарҳо об шудани пиряхҳо дар Кӯҳистони Бадахшон бар асари гармои ғайриоддӣ афзойиш ёфта, аз ҷумла пиряхи Хирсхона ба ҳаракат омадааст. Пойин лағжидани он метавонад, роҳи рӯдхонаҳоро бубандад ва ба пайдо шудани кӯлҳои сунъӣ сабаб гардад. Ҳамчунин дар сари роҳи ин офат баъзе рустоҳои хурд ва киштзорон мавҷуданд. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд, ки аввали моҳи июл ҳарорати ҳаво рӯ ба коҳиш хоҳад ниҳод. Аммо аз эҳтимоли борон онҳо пешгӯие надоранд.

XS
SM
MD
LG