Пайвандҳои дастрасӣ

Банки Ҷаҳонӣ: Боз 50 миллион доллар ба Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Дар баёнияи худ Банки Ҷаҳонӣ хабар дод, ки ин маблағро барои идомаи ислоҳоти сохтори идории Тоҷикистон ва мубориза бо фақру нодорӣ дар кишваре ки 85 дарсади аҳолияш дар ҳоли бенавоӣ ба сар мебаранд, ҷудо кардааст.

Банки ҷаҳонӣ эълом дошт, ки бахши дуюми қарзи худро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 миллион доллар ирсол дошт. Ин сармоя бояд дар ислоҳоти сохтори идорӣ ва коҳиши бебизоатӣ дар кишвар харҷ гардад. Аз тирамоҳи соли гузашта дар сохтори идораи давлатӣ дар Тоҷикистон ислоҳот оғоз ёфта, бархе аз вазорату кумитаҳо омезиш ёфтанд ва ниҳодҳои нави назоратӣ ташкил шуданд. Барномаи мубориза бо нодорӣ ба он ҳадаф тарҳрезӣ шудааст, ки ба зиндагии зиёда аз 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки бебизоат шумурда мешаванд, беҳбуд оварда шавад. Банки Ҷаҳонӣ розӣ шудааст ба Тоҷикистон 211 миллиону сесад ҳазор доллар қарзи имтиёзнок диҳад.

XS
SM
MD
LG