Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти низомӣ дар мавзеъи Ромит



Раҳматкарими Давлат

Ба гуфтаи манобеъи низомӣ амалиёти густарда алайҳи гуруҳи собиқ фармондеҳи мухолифин, Раҳмон Сангинов анҷом ёфт ва феълан нируҳои ҳукуматӣ таъқиби гуруҳҳои хурди ҷангиёнро дар мавзеъи Ромит идома медиҳанд.

Манобеъи низомӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегуянд, ки амалиёти ҳарбӣ алайҳи гуруҳи собиқ фармондеҳони оппозитсиюн, Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов ба марҳилаи нав ворид шудааст. Ба гуфтаи онҳо дар маҷмуъ амалиёти густарда анҷом ёфт ва феълан нируҳои ҳукуматӣ таъқиби гуруҳҳои хурди ҷангиёнро дар мавзеъи Ромит идома медиҳанд. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ дар Кофарниҳон мегуянд, ки парвози чархболу ҳавопаймоҳо дар фазои Ромит ва интиқоли захмиён ба бемористони ноҳия идома дорад. Роҷеъ ба сарнавишти фармондеҳони собиқи оппозитсиюн хабарҳое зидунақиз пахш мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ, ки барои кумак ба сокинони манотиқи атрофи пойтахт изҳори омодагӣ мекунанд, ҳануз дар интизори иҷозаи ҳукумат қарор доранд. Вазири Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев гуфт, ки бинобар идомаи даргириҳо имкони дастрасӣ ва кумак ба аҳолиро надоранд.

XS
SM
MD
LG