Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзо Зиёев амалиёти низомии ҳукуматро алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов маҳкум кард



Раҳматкарими Давлат

Вазири Вазъиятҳои Фавқулодаи Тоҷикистон, собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳоди Мухолифин Мирзо Зиёев гуфт, ки ба роҳ мондани амалиёти низомӣ дар кишвар, алайҳи кадом гуруҳе набошад, нируҳои норозиро дар дохил ва хориҷ барои амалкардҳои низомӣ ҷасур мекунад.

Вазири Вазъиятҳои Фавқулодаи Тоҷикистон, собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳоди Мухолифин Мирзо Зиёев амалиёти низомии ҳукуматро алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов, ки даҳҳо нафар қурбонӣ дорад, маҳкум кард. Оғои Зиёев гуфт, ки ба роҳ мондани амалиёти низомӣ дар кишвар, алайҳи кадом гуруҳе набошад, нируҳои норозиро дар дохил ва хориҷ барои амалкардҳои низомӣ ҷасур мекунад. У афзуд, ҳукумат бояд ҳама гуна муноқишаро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кунад. Амалиёти низомии ҳукумати Тоҷикистон алайҳи гуруҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Мауккалов, ки 22 июн дар манотиқи атрофи пойтахт оғоз ёфта, феълан дар деҳкадаҳои дараи Ромит идома дорад. Ҳеҷ як аз саркардагони гуруҳ то ҳануз боздошт нашудааст.



XS
SM
MD
LG