Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар минтақаи кӯҳии марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳангоми таркидани се мина як нафар ба ҳалокат расид



Хоҷа Мирзода

Сухангӯи хадамоти марзбон ба мухбири Франс Пресс гуфтааст, ки қурбонии ҳодиса аз минтақаи марзӣ аспсавор мегузашт.



Сухангӯи хадамоти марзбон ба мухбири Франс Пресс гуфтааст, ки қурбонии ҳодиса аз минтақаи марзӣ аспсавор мегузашт. Аз замоне, ки марзбонони Узбакистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз убури шӯришгарони Исломӣ дар марзи миёни Узбакистону Тоҷикистон майдонҳои мина танзим намудаанд, беш аз бист шаҳрванди осоишта ба қатл расида ва ё маҷрӯҳ шудааст. Мақомоти Узбакистон таъкид мекунанд, ки ифротгароҳои ҳаракати исломии Узбакистон дар манотиқи таҳти назорати Толибони афғон мустақар буда, кӯшиш мекунанд, ки ба воситаи Тоҷикистон ба қаламрави Узбакистон дохил шаванд.

XS
SM
MD
LG