Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо: Фақр ҳамчун сарчашмаи эҳтимолии низоъ дар Бадахшони Тоҷикистон



Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо

Ҳамоҳангсози яке аз барномаҳои Бунёди Оғохон Зулфия Сафармамадова мегӯяд, ки мушкили асосии Бадахшон бекорист: Мардҳо маҷбур мешаванд, ки хонаҳои худро тарк намуда, дар ҷусутуҷӯи шуғле ба манотиқи дигари Тоҷикистон , Осиёи Марказӣ ва Русия муҳоҷират намоянд. Имрӯз дар Бадахшон ба як мард ҳашт зан рост меояд ва ҷавонони зиёд ҳеҷ дурнамои хубе барои худ эҳсос накарда, ба нашъамандӣ даст мезананд.

Бузургтарин вилояти Тоҷикистон Бадахшон бо Чин дар Шарқ, Қирғизистон дар Шимол ва Афғонистон дар Ҷануб ҳаммарз буда, яке аз баландтарин кӯҳҳои Авроосиё: Помирро иҳота кардааст. Ин вилоят қисмати дурдаст ва қашшоқтарин Тоҷикистон ба шумор меравад. Аҳолии вилоятро "помирӣ" меноманд. Помириҳо ба чанд забони маҳаллӣ ҳарф мезананд ва аксарият пайравони мазҳаби Исмоилӣ мебошанд. Дар солҳои Шӯравӣ ба шарофати мавқеи муҳими стратегӣ таъминоти Бадахшонро шабакаи марказӣ бар ӯҳда дошт. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 % масоҳати умумии Тоҷикистон, яъне 64000 километри мукаабро ташкил кунад ҳам , соли 2000-ум дар ин минтақа ҳамагӣ 3 % аҳолии ҷумҳурӣ ва ё 203500 нафар иқомат мекард. Дар Бадахшон ба мисли бахшҳои дигари Тоҷикистон кишоварзӣ соҳаи асосии рӯзгузаронӣ мебошад. Дар киштзорҳову боғҳои вилоят гандум, биринҷ, ҷав, лубиё, ангур, анвои мева ва чормағз парвариш карда мешавад. Ба ваҷҳи умум, тарзи кори кишоварзон дастӣ буда, ниёзмандиҳои мардуми вилоятро қонеъ намекунад.

Бадахшон дорои захираи тилло, нуқра ва сангҳои гаронбаҳо мебошад, вале мухобирот ва инсфраструктураи заифи саноатӣ нархи коркард ва истеҳсоли ин маъданҳоро ниҳоят баланд мекунад. Тибқи омори расмӣ соли 1999 сатҳи бекорӣ дар Бадахшон нисбат ба дигар гӯшаҳои Тоҷикистон чор мартаба бештар буда, 11,5 %-ро ташкил медод. Ин ҳам дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ сатҳи бекории Тоҷикистонро на се фоиз, балки сӣ дар сад тахмин мекунад. Ҳамоҳангсози яке аз барномаҳои Бунёди Оғохон Зулфия Сафармамадова мегӯяд, ки мушкили асосии Бадахшон бекорист: Мардҳо маҷбур мешаванд, ки хонаҳои худро тарк намуда, дар ҷусутуҷӯи шуғле ба манотиқи дигари Тоҷикистон , Осиёи Марказӣ ва Русия муҳоҷират намоянд. Имрӯз дар Бадахшон ба як мард ҳашт зан рост меояд ва ҷавонони зиёд ҳеҷ дурнамои хубе барои худ эҳсос накарда, ба нашъамандӣ даст мезананд. Моҳонаи миёнаи сокинони Бадахшон ҳамагӣ 3-5 долларро ташкил ҳам, одатан он ду- се моҳ дертар дода мешавад.

Камбуди заминҳои кишт ва иқлими номусоид Бадахшонро ба воридоти озуқа аз манотиқи ҳамсоя вобаста кардааст. Ҳаққи роҳ нархи маҳсулоти воридотиро ба таври назаррас боло мебарад. Агар дар моҳи январи содли 2001-ум як килограмм орд дар бозорҳои Душанбе ба 30 центи ИМА баробар бошад, дар бозори шаҳри Хоруғ: маркази вилояти Бадахшон ба 50 цент мусовӣ буд. Монанд ба он дар Душанбе як килограмм гӯшт 80 цент қимат дошт, аммо дар Хоруғ ин миқдори гӯшт ба нархи 1 доллару 80 цент ба фурӯш мерафт.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо шабакаи таъминот аз Маскав , балки шабакаи таъминоти дохили ҷумҳуриявӣ низ қатъ гардид.

Як шореҳи маҳаллӣ таъкид кард, ки мақомоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят тақрибан ҳеҷ нақше надоштанд ва мардуми Бадахшон фақат ва фақат бо саъйу кӯшиши муассисаҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва Бунёди Оғохон наҷот ёфт. Назорати пурраи марзи Бадахшони Тоҷикистон бо Бадахшони Афғонистон ниҳоят душвор аст. Қочоқбарони маводи мухаддир ин минтақаро ба нуқтаи муҳими транзити нашъа ба Қирғизистон ва сипас ба Русия табдил додаанд. Мардуми бекор ва ҳатто занон ба қочоқи маводи мухаддир даст заданд. Шореҳон мегӯянд, ки агар ҳукумат ҳамоно мушкилиҳои Бадахшонро нодида бигирад, бизнеси маводи мухаддир боз амиқтар реша медавонад. Назар ба гузориши хабаргузории "Ховар" беш аз нисфи кӯдакон ва аз чор се ҳиссаи занони Бадахшон аз сабаби камбуди ғизо бо бемориҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошанд.

Равобити Бадахшон бо ҳукумати Ҷумҳурӣ дар солҳои Шӯравӣ ҳам чандон софу беғубор набуданд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки гурӯҳҳои мухолифин дар Бадахшон паноҳгоҳ ёфтанд, вилоят навъе дар таҳрим қарор гирифт. Баъди имзои Созиши Умумии Сулҳ дар соли 1997 роҳҳо боз шуданд ва вилоят тадриҷан ба ҳаёти осоишта бармегардад. Сарвари мазҳабии бадахшониҳо Оғохон бо ҳадафи мусолиҳа бо марказ аз пайравони худ даъват мекунад, ки аз роҳи муқовимат ва ташаннуҷ даст кашанд.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG