Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати Дохилии Тоҷикистон аз итмоми амалиёти низомӣ алайҳи Сангинов ва Муаккалов хабар дод



Соҷидаи Мирзо ва Масрури Назрӣ

Вазорати Дохилии Тоҷикистон бо эълони асосан поён ёфтани амалиёти низомии худ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи собиқ фармондеҳони оппозитсиюни тоҷик Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов изҳор дошт, ки 40 нафар силоҳбадастро кушта 66 тани дигарро боздошт кардааст.



Вазорати Дохилии Тоҷикистон бо эълони асосан поён ёфтани амалиёти низомии худ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи собиқ фармондеҳони оиппозитсиюн тоҷик Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов изҳор дошт, ки 40 нафар силоҳбадастро кушта 66 тани дигарро боздошт кардааст. Хисороти ҳукуматро як манбаъи низомӣ 7 нафар кушта ва 20 захмӣ арзёбӣ намуд. Дар бораи теъдоди кушташудагон дар байни аҳолии мулкӣ иттилоъе пахш нашудааст. Дар хабари Вазорати Дохилӣ омадааст, ки аз размандагони собиқи оппозитсиюн силоҳу муҳимоти ҷангӣ бо шумули тупу мушак ва пулемёту автомати калашников мусодира гардид. Ҳеҷ хабаре дар ин робита аз ҷониби Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов пахш нашуд ва сарнавишти онҳо номуаян боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG