Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти низомӣ бар зидди гуруҳи Раҳмон Сангинов идома дорад



Мирзои Салимпур

Мансабдорони интизомии Тоҷикистон мегӯянд, амалиёти маҳви дастаи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов, ки тақрибан аз сад нафар иборат аст, бо вуҷуди пешрафти нерӯҳои ҳукуматӣ то ҳанӯз хотима наёфтааст.

Амалиёти низомии нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бар зидди дастаи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов рӯзи якшанбе ҳам идома дошт. Мансабдорони интизомии Тоҷикистон мегӯянд, амалиёти маҳви дастаи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов, ки тақрибан аз сад нафар иборат аст, бо вуҷуди пешрафти нерӯҳои ҳукуматӣ то ҳанӯз хотима наёфтааст. Бегоҳии 23 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо вазирони интизомии кишвар рафти амалиётро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба қавли мухбири Итар Тасс раҳбарон аз ҷараёни татбиқи амалиёт изҳори қаноатмандӣ кардаанд, зеро дар тӯли ду рӯз силоҳбадастон аз деҳоти Теппаи Самарқандӣ, Роҳатӣ ва Мағмуруд ронда шуданд.

11 июн фармондиҳони собиқ Иттиҳоди Оппозицияи Тоҷикистон Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов ходимони Вазорати Умури Дохилиро ба гарав гирифта талаб карданд, ки ҳамяроқҳои онҳо, ки бо иттиҳоми ҷиноятҳои ваэнин ҳабс шудаанд, аз маҳбасҳои ҳукуматӣ озод карда шаванд, вале пас аз баъзӣ музокирот, тамоми гаравгонҳо бидуни шарт раҳо гардиданд. Баъд аз он рӯзи ҷумъа нерӯҳои ҳукуматӣ дар деҳоти ноҳияи Ленин, қароргоҳи Раҳмони Сангинов ва Мансур Муаккалов, амалиёти васеи низомӣ бо истифода аз чархбол, мошинҳои зиреҳпӯш ва тӯпхонаро шурӯъ намуданд. Ба гуфти мақомоти Тоҷикистон ҳамон рӯзи ҷумъа чордаҳ деҳаи ноҳияи Ленин зери назорати комили ҳукумат гузашт ва техникаи вазнин аз минтақа берун бароварда шуд. Тибқи хабарҳои манобеи мустақил то кунун панҷ сарбози ҳукуматӣ кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ҳамин ҳол мақомоти расмӣ аз додани иттилоъ оиди вазъи минтақа худдорӣ мекунанд. Набудани иттилои расмӣ боиси ҳар гуна овозаҳо дар байни сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атрофи он гардидааст.



XS
SM
MD
LG