Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теппаи Самарқандӣ амалиёти ҳарбӣ алайҳи гуруҳи Раҳмон Сангинов оғоз шуд



Мирзои Салимпур

Субҳи 22 июн, соати чаҳори субҳ ба вақти Душанбе, нируҳои Вазорати Дохилии Тоҷикистон амалиёти ҳарбиеро алайҳи гуруҳи собиқ фармондеҳонии оппозитсиюни Тоҷик Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов шуруъ намуданд. Дар ин амалиёт аз танку тупхона ва чархболҳои низомӣ истифода мешавад.

Дар ҷараёни амлиёти низомии ҳукумат дар мавзеъи Теппаи Самарқандӣ ҳадди ақал як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуд. Субҳи 22 июн, соати чаҳори субҳ ба вақти Душанбе, нируҳои Вазорати Дохилии Тоҷикистон амалиёти ҳарбиеро алайҳи гуруҳи собиқ фармондеҳонии оппозитсиюни Тоҷик Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов шуруъ намуданд. Дар ин амалиёт аз танку тупхона ва чархболҳои низомӣ истифода мешавад. Мақомоти Вазорати Дохилии Тоҷикистон шуруъи амалётро тасдиқ намуда гуфтанд, ки ҳадафи он аз байн бурдани гуруҳҳои "террористӣ" дар манотиқи атрофи Душанбе мебошад. Ҳукумат гуруҳи Сангинов ва Муаккаловро дар содир намудани 400 ҷиноят аз ҷумла 270 куштор муттаҳам кардааст. 11 июн гуруҳи Раҳмон Сангинов, 15 нафарро бо шумули шаҳрвандони мулкӣ ва низомӣ тайи як ҳафта гаравгон гирифта талаб гузошта буд, ки ҷонибдоронаш аз маҳбас озод шаванд. Раҳмон Сангинов гаравгонҳоро аз тариқи музокирот озод кард ва ҳукумат ваъда дод, ки парвандаи боздоштшудагонро бори дигар тафтиш хоҳад кард. Рузи гузашта Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба яке аз ҷонибдорони Раҳмон Сангинов, собиқ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонэода, Мухтор Ҷалилов, панҷ сол ҳукми зиндон дод. Ва субҳи 22 июн амалиёт оғоз ёфт.

Амалиёти Вазорати Дохилии Тоҷикистон алайҳи гуруҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов дар ҳоле ҷараён гирифт, ки манобеъи низомӣ дар бораи эҳтимоли як чунин амалиёт дар Тавилдара низ хабар доданд. Ва гуфта мешавад, ки нируҳои ҳукуматӣ низ чанд руз пеш ба ин минтақа интиқол ёфтанд. Якчанд руз қабл аз гаравгонгирии Раҳмон Сангинов, гуруҳи дигари собиқ мухолифин, бо саравании Ҳасан Сайдаҳмадов, 11 кормандони созмони Агроаксияи Олмонро бо шумули чаҳор хориҷӣ гаравгон гирифт ва талаби озодии бародарашро, ки бо ҷурми куштори собиқ муовини вазири дохила Ҳабиб Сангинов боздошт шудааст, дар миён гузошт. Гаравгонҳо бо кушиши собиқ фармондеҳи оппозитсиюн, ҳоло вазири вазъи фавқулодда Мирзо Зиёев озод шуданд.



























XS
SM
MD
LG