Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибқи баъзӣ хабарҳо, ду чархболи аҷнабӣ деҳаи Ҳоити Тоҷикистонро бомборон карданд

Хоҷаи Мирзода

20 июн ду чархболи аҷнабии навъи МИ-8 ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дохил шуданд. Итар Тасс аз нақли манобеи низомии Тоҷикистон мегӯяд, ки чархболҳо зимни парвоз дар гирду атрофи деҳаи Ҳоит, воқеъ дар 240 километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон аз ду то чор бомба партоб намуданд ва сипас дар самти яке аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя пинҳон шуданд.

Ба қавли Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон бар асари бомбаборон касе ва ё иншооте хасорот набардоштааст. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс афсари навбатдори Вазорати Умури Дохилӣ хабари бомбапартоиро тасдиқ намуд. Аммо муовини сарвазири Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хабарро тасдиқ кардан наметавонад ва қарораст, як ҳайъат барои тафтиши хабар пагоҳ ба Ҳоит равад.

Рӯзи чоршанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҷаласаи фавқулодда доир намуда, вазирони интизомиро даъват кард. Аммо маълум нест, ки сабаби ин ҷамъомад бомбапартоӣ мебошад ё масъалаи дигаре. Хабаргузории Франс Пресс хотирнишон мекунад, ки ду сол пеш ҳавопаймоҳои ҷангии Узбакистон бо ҳадафи аз минтақа берун кардани шӯришгарони исломӣ дар ҳамин мавзеъ даҳ бомба партофта буд.

XS
SM
MD
LG