Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар шимоли Афғонистон ҷараён доранд



Масрури Назрӣ ва Соҷидаи Мирзо

Субҳи 19 июн дар муқобили минтақаи марзии Панҷ, дар қаламрави Афғонистон миёни гурӯҳи Толибон ва Эътилофи Шимол задухӯрдҳои мусаллаҳона шурӯъ шуд.

Субҳи 19 июн дар муқобили минтақаи марзии Панҷ, дар қаламрави Афғонистон миёни гурӯҳи Толибон ва Эътилофи Шимол задухӯрдҳои мусаллаҳона шурӯъ шуд. Дар ҷараёни ҷанг аз силоҳи вазнин мисли танку туп истифода гардид. Як гулӯлаи танк дар қаламрави Тоҷикистон таркид вале хушбахтона ҳеҷ кас зарар надид. Дафтари матбуоти нирӯҳои марзбони Русия ба ИТАР-ТАСС иттилоъ дод, ки сар аз тирамоҳи соли гузашта марзбонони минтақаи сарҳадии Панҷ ва Маскав марзро назорати шадидтар кардаанд.

XS
SM
MD
LG