Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо: Дар Осиёи Марказӣ камбағалӣ хатари низоъро афзоиш медиҳад



Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо

"Камбағаливу рукуди иқтисодӣ худ ба худ сабабгори бӯҳрон буда наметавонанд, вале дар ҳамроҳӣ бо дигар омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ шаротитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он барои афрохтани оташи низоъ танҳо як шарора кофӣ мебошад."

Дар гузорише, ки ҳаштуми июни соли 2001 Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо ба табъ расонд, гуфта мешавад, ки дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, маҳви минтақаи рубл, хусусигардонии ноодилона, пастравии нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, хушксолии соли 2000-ум ва як силсила рӯйдодҳои номатлуб иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ фоҷеаеро аз сар гузаронд. Дар ҳоли ҳозир ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳи худ кӯшиш дорад, ки аз вартаи бӯҳрон берун шавад, вале ба навиштаи муаллифони гузориши Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо, ки марказаш дар шаҳри Брюсел мебошад, дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, нобаробарӣ дар байни табақаҳои мухталифи мардум афзоиш меёбад. Гурӯҳи хурди зимомдорон бо истифода аз хусусигардонӣ ва дигар равандҳои иқтисоди бозорӣ босуръат сарватманд мегардаду бахши асосии аҳолӣ дар самти муфлисии пурраи иқтисодӣ ҳаракат мекунад.

Ба навиштаи муаллифон, камбағаливу рукуди иқтисодӣ худ ба худ сабабгори бӯҳрон буда наметавонанд, вале дар ҳамроҳӣ бо дигар омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ шаротитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он барои афрохтани оташи низоъ танҳо як шарора кофӣ мебошад. Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳрон бар ин ақидааст, ки ҳар гуна нооромии Тоҷикистон, Қирғизистон ва ё Узбакистон ибтидо дар сатҳи маҳал ва бо ташаббуси инсонӣ ба амал хоҳад омад. Сипас ин гуна нооромӣ ё эътирози маҳаллӣ, задухӯрди марзӣ ва ё юриши ифротгароҳо ҳамроҳ бо норозигии бахши бузурги аҳолӣ ба маъракаи эътирози саросари кишвар ва ё ҳатто муқовимати низомии байнидавлатӣ таҳаввул меёбад.

Гузоришгарон чор нуқтаро ба истилоҳ "парваришгоҳ ё худ инкубатори низоъ" дар Осиёи Марказӣ унвон додаанд: Водии Фарғонаи Узбакистон, вилояти Ботканди Қирғизистон ва ду минтақа дар Тоҷикистон: яке вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигаре Қатотегину Тавилдара.

Ба қавли муаллифон рӯ ба беҳбуд ниҳодани вазъи иқтисодии Осиёи Марказӣ бо дар назардошти бадшавии аҳволи маишӣ, хушксолии имсола ва қарзи калони хориҷӣ аз эҳтимол дур ба назар мерасад, ва аз ин рӯ, шояд, ки солҳои оянда имкони сар задани нооромиҳо боз ҳам бештар шавад.

Дар идомаи гузориш гуфта мешавад: Ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллии нуқтаҳои ба истилоҳ доғ аз вазъият бо хабар ҳастанду барномаҳои хосе барои ин манотиқ тарҳрезӣ кардаанд. Аммо ин иқдомҳо барои эҳёи назму суботи иҷтимоӣ кифоят намекунанд. Кумаки байналмилалӣ ҳам наметавонад ин камбудиро комилан рафъ намояд. Дар барқарории иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вуруди онҳо ба бозори ҷаҳонӣ сармоягузории хориҷӣ нақши муҳим дошта метавонад, аммо мавқеи номусоиди ҷуғрофӣ, яъне набудани пайвасти мустақим бо хориҷа, умуман надоштани иттилоъ ва эҳтимоли нооромиҳо сармоягузоронро аз минтақа дур мекашад. Албатта аз рӯи назария Русияву Чин имкони кумак ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, вале вилояти Шинҷони Чин ва Сибири Ғарбии Русия, ки бо Осиёи Марказӣ ҳаммарз ҳастанд, худ минтақаҳои ниёзманд ва ақибмондаи ду кишвар мебошанд. Афғонистони ҳамсарҳад бо Тоҷикистон Узбакистон низ худ манбаъи муҳими ноороӣ барои ин кишварҳост.

Аз байн рафтани бозорҳои анъанавӣ талабот ба молҳои саноатии кишварҳои Осиёи Марказиро коҳиш дода, фаъолияти аксари корхонаҳом саноатиро мутаваққиф ва ё заиф сохт. Дар баъзе минтақаҳо занон аз даромади иқтисодӣ маҳрум шуданд. Аммо дар ҷойҳои дигар баръакс занон дар соҳибкории хурд ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Ҳодисаҳое ҳам ба қайд гирифта мешаванд, ки занон дар ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир шарик мебошанд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки низоми таълиму тарбияи манотиқи зиёди Осиёи Марказӣ ва хусусан нуқтаҳои доғ дар ҳоли рукуди амиқ буда, ҷавонон ҳар чӣ бештар имкони омӯзиш, дарёфти кор ва шомилшавӣ ба ҳаёти иҷтимоиро аз даст медиҳанд. Гузоришгарон ҷавонони бекорро ба ашёи хоми гурӯҳҳои ифротгаро шабоҳат медиҳанд. Масалан, гурӯҳи исломии сабтношуда бо номи Ҳизб-ут-Таҳрир ҳукуматҳои мамолики Осиёи Марказиро бо фасод, ноуҳдабароӣ, поймолкунии ҳуқуқи инсон, афзоиши бемории Спид ё Айдс ва ғайраву ҳоказо муттаҳам намуда, сайъ дорад, ки бо ин роҳ таваҷҷӯҳи мардуми норизоро ба худ ҷалб кунад.

Раванди хусусигардонии муассисаҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи дилхоҳ наовард. Корхонаҳои муваффақ ба дасти хешу наздикони қудратмандон гузашта, ба таъсиси сулолаҳои дорову сарватманд поя мегузоранд. Соҳибқорони бе пушту паноҳ мегӯянд, ки мансабдорону бюрократҳо ба фаъолияти ширкатҳои хусусӣ дахолат намуда, бе гирифтани ришва ягон кореро иҷро намекунанд.

Муаллифони гузориш бар ин ақидаанд, ки мақомоти Осиёи Марказӣ дар мавриди робитаи қашшоқии маҳалҳо бо ташаннуҷи иҷтимоӣ ва эҳтимоли сар задани низоъҳо дар ин замина фаҳмиши воқеъӣ надоранд. Дар кӯчаҳои фаррохи шаҳри Тошканд шумораи биноҳову ҳайкалҳои ҷадид ва баробар бо онҳо теъдоди ходимони полиси роҳ афзоиш меёбад. Аммо сокинони манотиқи дурдасту қашшоқ баъзан ҳатто ҳаққи вуруд ба пойтахти Узбакистонро надоранд. Чунин ҷараёнҳоро дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳам мушоҳида кардан мумкин аст.

(Баргардони Хоҷаи Мирзода)

XS
SM
MD
LG