Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гаравгонҳои Тавилдара ва Роҳатӣ озод гардиданд



Раҳматкарими Давлат

Субҳи 17 июн гуруҳи мусаллаҳи опрозитсиюни собиқ дар ноҳияи Тавилдара, 11 гаравгонро аз ҳисоби кормандони созмони Агроаксияи Олмон ва ходимони Вазорати Амният озод намуд. Дар бораи шарти озодшавии гааравгонҳо иттилоъе мавҷуд нест.

Субҳи 17 июн гуруҳи мусаллаҳи опрозитсиюни собиқ дар ноҳияи Тавилдара, 11 гаравгонро аз ҳисоби кормандони созмони Агроаксияи Олмон ва ходимони Вазорати Амният озод намуд. Дар бораи шарти озодшавии гааравгонҳо иттилоъе мавҷуд нест. Ҷониби ҳукумат мегуяд, ки асирон бидуни қайду шарт раҳо шудаанд. Гуфта мешавад, ки Ҳасан Сайдаҳмадов, фармондеҳи собиқи оппозитсиюн, ҳоло корманди масъули Вазорати Вазъи Фавқулодда, рузи ҷумъаи гузашта 15 нафарро бо шумули се шаҳрванди Олмон ва як амрикоӣ дар Тавилдара рабуд. Се зан бо шумули раиси бюрои Агроаксия дар Тавилдара Беате Шорайт дар соатҳои аввали рабудашудан озод гардиданд.

Гуруҳи ҳукуматӣ бо сарварии вазири Вазъи Фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиеев шоми ҷумъа бо гуруҳи одамрабо дар Тавилдара вориди музокирот шуд. Ва билохира субҳи 17 июн мақомоти кишвар озодшавии ҳамаи гаравгонҳоро таъид намуданд.

Ба думболи ин қазияи якҳафтаина, бо гарвгонгирии якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар мавзеъи Роҳатӣ, 15 километрии пойтахт, аз ҷониби фармондеҳи дигари опрозитсиюни собиқ Раҳмон Сангинов низ ҳал шуд. Раҳмон Сангинов дар ҷавоб ба ваъдаи ҳукумат, ки мегуяд, парвандаи боздоштшудаҳоро дар асоси қонуни афв баррасӣ хоҳад кард, ҳамаи гарвгонҳои худро, иборат аз панҷ нафар озод намуд.



XS
SM
MD
LG