Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи оппозицияи собиқ 15 корманди созмони байналмилалиро бо шумули як шаҳрванди Америка ва ду олмонӣ дар минтақаи Тавилдара гаравгон гирифт



Раҳматкарими Давлат

Ба думболи қазияи ҳалношудаи беш аз 10 гаравгон дар манотиқи атрофи пойтахти Тоҷикистон, шаби ҷумъа гуруҳи дигари мусаллаҳ дар минтақаи Тавилдара, 11 корманди созмони Агроаксияи Олмонро, бо шумули ду шаҳрванди Олмон, як шаҳрванди Америка, кормандони маҳаллии Созмони Агроаксия ва илова бар ин чаҳор ходими Вазорати Дохилиро гаравгон гирифт.



Ба думболи қазияи ҳалношудаи беш аз 10 гаравгон дар манотиқи атрофи пойтахти Тоҷикистон, шаби ҷумъа гуруҳи дигари мусаллаҳ дар минтақаи Тавилдара, 11 корманди созмони Агроаксияи Олмонро, бо шумули ду шаҳрванди Олмон, як шаҳрванди Америка, кормандони маҳаллии Созмони Агроаксия ва илова бар ин чаҳор ходими Вазорати Дохилиро гаравгон гирифт. Ноиби нахуствазири Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров таъид кард, ки гуруҳи одамрабо се зани маҳаллиро дар оғоз озод кардааст. Аммо маълум нест, ки ин се нафар чузъи 15 нафар буданд ё не. Ҳамзамон сухангуи Вазорати Амнияти Тоҷикистон Саймуддин Ашуров хабарҳоро дар мавриди озодии 11 нафар аз гаравгонҳо такзиб кард. Амо мақомот баъдан гуфтанд, ки аз ин 15 нафар 4 зан, аз ҷумла як шаҳрванди Олмон озод шудаанд. Вазорати Амнияти Тоҷикистон таъид кард, ки ин амалро собиқ фармондеҳи мухолифин, ҳоло корманди масъули Вазорати Вазъи Фавқулода ба хотири озодии бародари худ анҷом дод, ки ба ҷурми куштори собиқ муовини вазири дохила Ҳабиб Сангинов боздошт шудааст. Вазири хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров зимни мулоқот бо сафири Олмон уро мутмаъин намуд, ки ҳукумати кишвар барои озодии гаравгонҳо талошҳои ҷидди хоҳад кард.





XS
SM
MD
LG