Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳ: Гаравгонгириҳо натиҷаи низоми хонигарист



Аббоси Ҷаводӣ

Қариб 10 руз қабл аз солгарди имзои қарордоди сулҳи тоҷикон, 27 июни соли 1997, як гаравгонгирии дигар дар Тавилдара аз пайи гаравгонгирии чанд рузи гузашта дар Теппаи Самарқандй на фақат боиси шармсории дубора ва коҳиши эҳтимолии ёриҳои байналмиллалй шуд, балки худи қарордоди сулҳро зери суол бурд.

Қариб 10 руз қабл аз солгарди имзои қарордоди сулҳи тоҷикон, 27 июни соли 1997, як гаравгонгирии дигар дар Тавилдара аз пайи гаравгонгирии чанд рузи гузашта дар Теппаи Самарқандй на фақат боиси шармсории дубора ва коҳиши эҳтимолии ёриҳои байналмиллалй шуд, балки худи қарордоди сулҳ ва он таъбирҳои зебои чор сол пеш, монанди "ҳамоиш"у "ҳамдигарфаҳми"ю "нафрат аз бародаркуши"ро зери суол бурд.

Дар чор соли гузашта, дар муқоиса бо солҳои пештар, ки ҳукумат бо размандаҳои оппозисиюн меҷангид, чй иттифоқе уфтод? Ба ғайр аз кушторҳо ва гаравгонгириҳою ғоратҳои алоҳида, дар соли 1997 дар як гарвагонгирй аз тарафи гуруҳи Ризвон Содиров, фармондеҳи собиқи мухолифин, ки баъдан бо ҳукумат ба канор омад, як хонуми хориҷй кушта шуд. Дар соли 1998 дар Лаби Ҷар, минтақаи нуфузи оппозисиюн, як гаравгонгирии дигар шуд, ки бо куштори се хориҷй ва як корманди тоҷики созмонҳои хориҷй поён ёфт. Дар Кофарниҳон ба дунболи гаравгонгирии ходимони пулис чанд нафар кушта шуд. Байни ҳукумат ва гуруҳҳои алоҳидаи оппозисиюни собиқ ҳафт бор задухурди мусаллаҳона ба вуҷуд омад. Дар ин миён чандин нафар аз номдорон ва масъулон, аз ҷумла Отахон Латифй, Сафаралй Кенҷаев ва Ҳабиб Сангинов дар ҳамлаҳои терористй ба қатл расиданд.

На ҳар қатлу куштору гарвгонгирии одамони алоҳида ба истилоҳ "сиёсӣ" буд. Рақобатҳову душманиҳои шахсию пулй, аз ҷумла дар робита бо маводи мухаддир ва дигар фаъолиятҳои зиддиқонунй, зоҳиран ангезаи бисёри аз ин аъмол буданд. Вале бо вуҷуди ин то кунун бовари умумӣ ва куллӣ ва ончи, ки аз тарафи ҳукумат ва аксари неруҳои сиёсӣ ба истилоҳ талқин мешуд, ин буд, ки умуман ва усулан баъд аз қарордоди сулҳ оромӣ ва сулҳ ҳукмфармост. Гарвагонгирии беш аз 10 нафар аз кормандони милица ва одамони осоишта аз тарафи гуруҳи Раҳмон Сангинов, фармондеҳи собиқи оппозисиюн, он ҳам на дар куҳҳои дурдаст, балки дар 9 километрии пойтахти ҷумҳурӣ, бовар ба қарордоди сулҳро зери суол гузошт. Сангинов бо ин амали худ мехоҳад, озодии 13 маҳбусро, ки аз ҷумла дар робита ба қатли Ҳабиб Сангинов боздошт шудаанд, ба ҳукумат қабулонад. Чанд руз пеш Сангинов ҳушдор дод, ки "муҷоҳидини минтақаҳои дигар ҳам ором нахоҳанд нишаст". Ва тасодуфӣ нест, ки танҳо панҷ руз баъд, ин бор дар Тавилдара, минтақаи нуфузи оппозицияи собиқ боз беш аз даҳ нафар аз ҷумла хориҷиҳо гарвгон гирифта шуданд ва боз тасодуфӣ нест ки, хости онҳо ҳам озодии собиқ мусаллаҳони оппозисиюн аст, ки бо ин ё он иттиҳом ҳабс шудаанд.

Яъне зоҳиран ин аз ҳамон ибтидои кор сулҳу оромй набудааст. Шояд оромй будааст, вале сулҳ набудааст.

Оромӣ шояд аз ин назар будааст, ки тақсими ин мамлакати бечора, "ин ноҳия аз фалон командир ва он минтақа аз фалон муҷоҳид," умуман мавриди қабули тарафҳо будааст. Ҳар кас дар минтақаи худ аз пайи манфиати худ буда ва марзҳои нуфуз ва ҳокимияти минтақавӣ вале мутлақи худ ва рақибонро қабул кардааст. Дар ҳоле, ки сулҳ вақте мешавад, ки сояи силоҳу беқонунӣ набошад, зуроварию ғорату куштору гаравгонгирӣ матраҳ нашавад. Вазъияти феълӣ бошад, зоҳиран таврест, ки гуё он оташбас байни даҳҳо фармондеҳу гуруҳи мусаллаҳи маҳаллию ноҳиявию минтақавӣ, ҳар лаҳза метавонад бо шуриши ин ва ё он фармондеҳи маҳаллӣ аз байн равад ва бо ин тартиб низоми хонигарии Тоҷикистон он чеҳраи воқеии худро, ки дар ин чор сол то ҳадде пушонида буд, дубора ошкор кунад. Яъне дар шароити беқонунӣ ва хонигарӣ, агар ҳатто ин гаравгонирӣ ҳам бо роҳи ба истилоҳ осоишта, бо бигиру биситонҳои тарафҳо ҳал шаванд ҳам, ҳадди аксар ҳамон оташбас ва тақсими "оромона"и минтақаҳо, вале на сулҳ барқарор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG