Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат бо гуруҳи гаравгир музокирот нахоҳад кард



Раҳматкарими Давлат

Дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов дар заминаи талаби Раҳмон Сангинов, ки панҷ руз боз беш аз 10 нафарро бо шумули шаҳрвандони мулкӣ дар мавзеъи Роҳатӣ, 12 километрии пойтахт гаравгон гирифтааст гуфт, ки даври шартгузории силоҳбадастон ба ҳукумат гузашт. Фармондиҳи собиқ мухолнфин Сангинов талаб дорад, ки ҳукумат ҷонибдорони уро аз маҳбас озод кунад.



Дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов дар заминаи талаби Раҳмон Сангинов, ки панҷ руз боз беш аз 10 нафарро бо шумули шаҳрвандони мулкӣ дар мавзеъи Роҳатӣ, 12 километрии пойтахт гаравгон гирифтааст гуфт, ки даври шартгузории силоҳбадастон ба ҳукумат гузашт. Фармондиҳи собиқ мухолнфин Сангинов талаб дорад, ки ҳукумат ҷонибдорони уро аз маҳбас озод кунад. Азимов афзуд, ки ҳукумат бо гуруҳи гаравгир музокирот нахоҳад кард. Ин гуфтаҳо дар ҳоле пахш шуданд, ки музокироти миёнравҳои ҳукумат, иборат аз собиқ намояндагони оппозитсиюн, бо гуруҳи Сангинов натиҷаи мусбат надод ва тағйироте дар талаби гуруҳи гаравгонгир ворид нашуд. Лидери оппозитсиюни собиқ Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар заминаи ин ҳодиса, бори дигар зарурати таъсиси кумитаи дифоъ аз сулҳро таъкид кард.



XS
SM
MD
LG